28-29 марти соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ семинари амалӣ дар мавзӯи «Нақши пешбарандаи Шӯрои нозирон дар низоми идоракунии корпоративии бонкҳо» доир намуд.
Дар маросими ифтитоҳи семинари мазкур, ки дар он Раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳои низомсози кишвар ҳузур доштанд, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода сухан карда, ба иштирокдорон дар таҳлил ва омӯзиши роҳҳои беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти бонкҳо ва нақши Шӯрои нозирон кори самарабахш таманно намуд.
Барандаи кори семинари амалӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ аз зарурати ислоҳот дар самти барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва масъалаҳои вобаста ба идоракунии корпоративӣ изҳори назар кард. Мавсуф зикр намуд, ки мақсад аз гузаронидани семинари амалӣ бо иштироки маҳз Раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳо баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти Шӯрои нозирон дар бонкҳо, дар ҳамкории Шӯро ва Раёсат ба роҳ мондани идорасозии бонкҳо, аз ҷумла дар самти татбиқи стратегияи умумии идоракунии хавфҳо ва сиёсати идоракунии онҳо, қабули қарорҳои муҳим ва ҳамаҷониба таҳлилшуда, пурзӯр намудани назорати бонкӣ бо беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ маҳсуб меёбад.
Иштирокдорони семинари амалӣ дар доираи машғулиятҳои гурӯҳӣ имкони баррасии масъалаҳое, ки Шӯрои нозирон дар рафти иҷрои вазифаҳои худ дар самти муайян намудани стратегия ва татбиқи вазифаҳои назоратӣ, аз ҷумла ҳалли мушкилоти баамаломада бархӯрдор мешаванд, пайдо карданд.
Инчунин дар рафти машғулият самтҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯрои нозирон бо роҳи дақиқ муайян намудани салоҳият ва масъулияти Шӯрои нозирон ва Раёсат, аз ҷумла ташкили дурусти ҷаласа ва доир намудани баҳодиҳии ҳамасола баррасӣ карда шуд.
Боиси тазаккур аст, ки семинари амалӣ дар мавзӯи «Нақши пешбарандаи Шӯрои нозирон дар низоми идоракунии корпоративии бонкҳо» дар доираи татбиқи Лоиҳаи идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии Ҳукумати Швейсария (SECO) ва Британия Кабир (DFID) доир гардид. Лоиҳаи идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказиро (IFC) дар семинари мазкур Ҳамоҳангсози Лоиҳаи идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ Юлия Холодкова, машваратчиёни калони ҳуқуқӣ оид ба идоракунии корпоративӣ Олга Колдасова ва Анатолий Ефименко намояндагӣ намуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ