БМТ: Омӯзиши асосҳои бонкдории исломӣ ва стандартҳои асосии IFSB

Бойгонии ахбор
31.03.2017

БМТ: Омӯзиши асосҳои бонкдории исломӣ ва стандартҳои асосии IFSB

Семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Татбиқи стандартҳои IFSB оид ба кифоятии сармоя барои ташкилотҳои хизматрасонии молиявии исломӣ”, ки бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳайати намояндагии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (IFSB) барои кормандони низоми бонкии мамлакат аз 28-ум то 31 марти соли равон дар БМТ идома дошт, имрӯз анҷом ёфт.

IFSB_Ser_1.JPG

Дар маросими ҷамъбастии семинар Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом ба ҳамаи иштирокдорон: Ҳайати намояндагии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ, намояндагони воҳидҳои гуногуни сохтории БМТ, ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурди кишвар ҷиҳати ширкат дар семинари омӯзишӣ аз номи роҳбарияти БМТ миннатдории хешро баён намуд.

- Шиносоӣ бо мафҳум ва асосҳои бонкдории исломӣ, меъёрҳо оид ба кифоятии сармояи институтҳои молиявии исломӣ, тартиби бастани шартномаҳо тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, меъёрҳои мақбули ташкилотҳои қарзии исломӣ барои танзимгарон ниҳоят муҳим аст, зеро маълумоти бардошташуда дар ҷараёни таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии исломӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Инчунин, омӯзиши мавзуҳои баҳодиҳии хавфи қарзӣ барои шарикони гуногун, хавфҳо дар сармоягузорӣ аз рӯи усули тақсими фоида, хавфи бозорӣ ва хавфҳои амалиётӣ ҷиҳати дар оянда дуруст ба роҳ мондани назорат ва танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ маълумоти хеле муҳим арзёбӣ мегардад, - қайд намуд зимни баромад Икромӣ С.С.

IFSB_Ser_2.JPG

Дар навбати худ, роҳбари Ҳайати намояндагии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ, ёрдамчии Дабири кулли IFSB Нагва Шейҳ Илдин Муҳаммад Ҳусейн ва коршиноси IFSB Абузер Мағзӯб Муҳаммад Усмон аз пазироии хуби ҷониби Тоҷикистон ва ширкати фаъолонаи иштирокдорони семинар дар барномаи омӯзишӣ ва муҳокимаронии онҳо дар мавзӯҳои алоҳида изҳори қаноатмандӣ намуданд. Хонум Нагва Шейҳ Илдин Муҳаммад Ҳусейн аз ҷумла чунин гуфт:

- Айни замон, низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон мавқеи хосро пайдо намуда, диққати низоми бонкии анъанавиро ба худ ҷалб кардааст. Семинари мазкур иқдоми амалии сафарбар кардани қувваи зеҳнӣ ҷиҳати воқиф шудан аз меъёрҳои бонкдории исломӣ буда, ба рушди минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшад. Ба ҳамаи иштирокчиёни омӯзиш барои истифодаи дониши азхудкарда дар таҷриба комёбиҳо орзумандам.

Дар қисмати хотимавии семинар ба ҳамаи иштирокдорон, кормандони мақомоти танзим ва назорати бахши бонкӣ, мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ сертификати хатми омӯзишӣ стандартҳои IFSB супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони БМТ ва низоми бонкии кишвар аз ҷониби коршиносони Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ маротибаи сеюм мешавад, ки дар мавзуи асосҳои бонкдории исломӣ ва стандартҳои асосии IFSB семинар гузаронида мешавад. Дар ҷараёни семинарҳо коршиносони Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ ба иштирокдорон оид ба масъалаҳои гуногун, ташкили ҳисобдорӣ ва аудит барои созмонҳои молиявии исломӣ, масъалаҳои шариат ва чорчӯбаи қонунгузорӣ дар ин гуна ташкилотҳо, нақши машваратчиёни шариат ва талаботи фаъолият дар он, меъёрҳо ва принсипҳои асосии ҷорӣ кардани меъёрҳои дахлдори Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ ва ғайраро меомӯзонанд.

IFSB_Ser_3.JPG

Қобили қайд аст, ки бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонки исломӣ амал мекунад, ки айни замон, якчанд санадро таҳия намуда, дар доираи лоиҳаи грантии Бонки Исломии Рушд бо ширкати консалтингии байналмилалӣ “ISRA” (Малайзия) ҷиҳати таҳияи заминаи танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. 

Барои дар ин самт самаранок пеш бурдани кор Гурӯҳи корӣ рӯзҳои семинар бо коршиносони Ҳайати намояндагии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ ҳар бегоҳирӯзӣ пас аз хотимаи семинар ҷиҳати таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявии исломӣ ҳамкорӣ доштанд.

Бонкдории исломӣ ягона низоми молиявиест, ки дар асоси қоидаву рукнҳо ва қонунҳои шариат новобаста ба таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Хизматрасонии муштариён аз ҷониби бонкҳои исломӣ тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ амалӣ мегардад, ки асосан барои қонеъ гардонидани талаботи ҳаррӯзаи мардум новобаста аз дину оин равона шудааст.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ




Возврат к списку