Такмили маърифати молиявии аҳолӣ

Бойгонии ахбор
03.04.2017

Такмили маърифати молиявии аҳолӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 марти соли 2017 дар гимназияи №53-и шаҳри Душанбе семинари машваратӣ дар мавзӯи “Такмили маърифати молиявии аҳолӣ” баргузор намуд.

Тавре дар маросими кушодашавии чорабинӣ қайд гардид, ҳадаф аз баргузории чунин семинар-машваратҳо баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи бештари хонандагон ба омӯзиши донишҳои молиявӣ ба ҳисоб меравад.

global mon._1.JPG

Зимни семинар ба иштирокдорон дар мавзӯъҳои нақши пул дар ҳаёти ҷомеа, қоидаҳои идоракунии пул, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, таваррум ва таъсири он ба имкониятҳои хонавода, усулҳои пасандозкунӣ ва идоракунии хавфҳои он, нақши хонавода дар рушди иқтисодиёт дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар семинар-машварати мазкур дар баробари хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи И.Сомонӣ, инчунин омӯзгорони фанни “Асосҳои назарияи иқтисод” аз шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Зимни машғулиятҳо ба омӯзгорон роҳу усулҳои ҷолибу шавқовар гузаронидани дарсҳо аз фанни “Асосҳои назарияи иқтисод”, такмил додани услубу роҳҳои муассири донишандӯзӣ, усулҳои муосири гузаронидани чунин сабақҳо омӯзонида шуд. Дар чорабинии мазкур аҳамият ва зарурати аз ҷониби ҳар як шаҳрванд аз бар шудани донишҳои молиявӣ таъкид гардид.

Бояд қайд кард, ки иштирокдорони чорабинии мазкур, ки асосан аз мактаббачаҳо иборат буданд, дар муколамаи семинар-машварат фаъолона ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку