Баррасии шакли ҳисоботи амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ дар БМТ

Бойгонии ахбор
07.04.2017

Баррасии шакли ҳисоботи амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ дар БМТ

Имрӯз, 7 апрели соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола семинари машваратӣ оид ба тарзи таҳия ва пешниҳод намудани шакли ҳисоботи омории №1-АП «Ҳисобот оид ба амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ» барои мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд баргузор гардид.

Omor_sem_1.JPG

Дар оғози семинар Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ қайд намуд, ки шакли ҳисоботи омории №1-АП «Ҳисобот оид ба амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ» мувофиқи талаботҳои ҷаҳони муосир бинобар такмил ёфтани Дастурамали “Низоми ҳисобҳои миллӣ”, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупоӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Созмони Ҳамкории Иқтисодии Рушд, Созмони Милали Муттаҳид ва Бонки ҷаҳонӣ коркард шудааст, таҳия гаштааст.

- Таҳаввулоти назаррас дар ҳамаи соҳаҳои ҷаҳони муосир ба амалияи байналмилалии пешниҳоди ҳисоботи оморӣ таъсири мусбат расонида, дар самти танзими низоми ҳисобҳои миллӣ, стандартҳои байналмилалии ҳисоби молиявӣ ва тавозуни пардохт тағйироти ҷиддӣ ба амал овардааст, ки ин дар навбати худ зарурати тағйир додани ҳамаи шаклҳои ҳисоботи омориро ба амал овард. Дар робита ба ин, шакли нави ҳисоботи омории №1-АП «Ҳисобот оид ба амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ», ки ба талаботҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор мутобиқ гардонида шудааст, ба таваҷҷуҳи ҳозирин пешниҳод мегардад, - зикр намуд Муовини Раис Салимова Л.Ҷ.

Omor_sem_2.JPG

Номбурда бо таъкид ба он ки пешниҳоди омори дақиқ имрӯз дар аксари кишварҳо талаботи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, илова намуд, ки тарзу усули омода ва пешниҳод намудани шакли нави ҳисоботи омории №1-АП аз шаклҳои ҳисоботии пешина ба таври назаррас тафовут дошта, дар асоси меъёрҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор мукаммал гардонида шудааст.

Сипас, аз ҷониби мутахассисони Идораи омор ва тавозуни пардохт ба иштирокдорони семинар дар хусуси тарзи омода ва пешниҳод намудани шакли ҳисоботи омории №1-АП «Ҳисобот оид ба амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ» ва аҳамияти он муаррифии муфассал манзур карда шуд.

Қобили қайд аст, ки шакли ҳисоботи омории №1-АП «Ҳисобот оид ба амалиётҳои амонатӣ-пасандозӣ» бо мақсади иҷрои стандартҳои байналмилалӣ дар асоси талаботҳои Низоми ҳисобҳои миллӣ такмил гашта, минбаъд ҳисоботҳои омории №1-А, №2-ПМ, №9-ФА, №2-ДП ва №3-ГБА-ро аз байн мебарад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку