Имрӯз, 14 апрели соли 2017, дар Бонки миллии Тоҷикистон маърӯзаи ҳайати Хазинаи Байналмиллалии Асъор дар мавзӯи “Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум” муаррифӣ гардид. Маърӯза аз ҷониби роҳбари ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор ҷаноби Абдул Носир дар ҳузури роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини Раис Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбарону мутахассисони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон манзур гардид.
Муаррифии мазкур асосан ба масъалаи тақвият бахшидани раванди таҳия ва татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи нави монетарӣ – ҳадафгирии таваррум бахшида шудааст.
Зимни муаррифӣ масъалаи пешбурди сиёсати монетарӣ ва саҳми бонкҳои марказӣ дар рушди он, татбиқи он дар робита бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ, таъсири омилҳои беруна ба сиёсати монетарӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайричашмдошт, татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ҳангоми гузаронидани ислоҳотҳо, нақши муҳимми коммуникатсия дар таҳким бахшидани сиёсати монетарӣ инҳо баррасӣ гардиданд.
Дар қисмати муҳокима роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, таҳкимёбии фишангҳо, аз ҷумла истифодаи фишангҳои фоизии сиёсати монетарӣ, фаъолияти бозори байнибонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар ҷамъбаст муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъорро, ки дар доираи кӯмаки техникӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овардаанд, хуш пазируфта идомаи чунин иқдомро минбаъд ба таври дарозмуҳлат қобили дастгирӣ донист.
Боиси тазаккур аст, ки намондагони Хазинаи байналмилалии асъор дар ҳайати Абдул Носир - роҳбари гурӯҳ, Марям Ал Ҳамиани Хатат, Георгий Барбакадзе, Ервин Ниероп ва Раул Олварез дел Кастилло аз 4 то 19 апрели соли 2017 дар доираи кӯмаки техникӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон қарор дошта, дар самти пешбурди сиёсати монетарӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони дахлдори Бонки миллӣ ҳамкориро идома медиҳанд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ