Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободониву кабудизоркунии муҳити атроф ва дастгирии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар заминҳои ҳудуди Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ва теппаҳои атрофи он, ки дар мавзеи Пуғуси дараи зебоманзари Варзоб ҷойгир мебошанд, ҳамасола ҳашарҳои ниҳолшинонӣ гузаронида мешаванд.
Дар мавсими ниҳолшинонии имсола низ дар ҳудуду атрофи Маркази таълимӣ миқдори зиёди ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишиву сояафкан шинонида мешавад. Қисмати зиёди корҳои ниҳолшинонӣ дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тариқи ҳашар дар шанбегиҳои дастаҷамъӣ, ки пайваста гузаронида мешаванд, амалӣ мешаванд.
Аз ҷумла, дар ҳашари ниҳолшинонии ҳафтаи гузашта, рӯзи 15-уми апрел бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва зиёда аз 80 нафар кормандони бонк дар ҳудуди заминҳои Маркази таълимии Пуғус беш аз 400 бех ниҳолҳои дарахтони арчаву сӯзанбарг шинонида шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷараёни корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ шахсан иштирок намуда, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати нигоҳубини дарахтон ва навниҳолҳо ба масъулини Маркази таълимии Пуғус дастуру ҳидоятҳои муфид дод.
Қобили қайд аст, ки дар мавсими ниҳолшинонии соли гузашта, дар ҳудуди заминҳои Маркази таълимӣ ва теппаҳои атрофи он тавассути заҳмати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон зиёда аз 9 ҳазор дарахтони сояафкану ороишӣ ва нодиру хушнамо қомат афрохта, дар мавсими имсола то имрӯз иловатан 4057 адад ниҳолҳои санавбару сафедор ва бештар аз 18 000 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд, ки феълан муҳити маркази таълимиро ба як мавзеи хеле зебою диданӣ ва дилнишин табдил додааст.
Шуъбаи матбуоти
БМТ