Мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Ҳидеки Танабе (JICA)

Бойгонии ахбор
18.04.2017

Мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Ҳидеки Танабе (JICA)

Имрӯз, 18 апрели соли 2017 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Роҳбари тозаинтихоби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Ҳидеки Танаберо ба ҳузур пазируфт.

IMG_6360.JPG

Нахуст Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҷаноби Ҳидеки Танаберо бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар, навоварию ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо мақсади пешрафти соҳа роҳандозӣ шудаанд, шинос намуд. Дар идомаи суҳбат Ҷ.Нурмаҳмадзода аз дасгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар самти омӯзиши мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи JDS (“Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ”) дар риштаи иқтисод изҳори миннатдорӣ намуда, барои тавсеа бахшидани ин раванд ҷиҳати зиёд намудани бурсияҳои таълимӣ изҳори умед намуд. Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ барои ҷалби мутахассисон ба соҳаи низоми бонкӣ, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, равона карда шуд. Зеро таҷриба нишон дод, ки таъсири буҳрони иқтисодӣ дар низоми бонкӣ бештар эҳсос мешуд ва хуб мешуд, ки дар оянда мутахассисони дар омӯзиш қарордошта бо рукнҳои асосии бонкдорӣ бо истифодаи таҷриба дар бонкҳои Ҷопон, аз ҷумла Бонки марказии ин кишвар омӯзонида шаванд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши омода намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби кӯмакҳои техникӣ дар самти низоми бонкӣ ҳавасманд мебошад. Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар хусуси самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муроҷиат намудааст ва ҳамеша барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд омода аст.

IMG_6365.JPG

Дар идомаи мулоқот Роҳбари тозаинтихоби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Ҳидеки Танабе ба сухан баромада, фаъолияти самарабахши Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти ҷорӣ намудани ислоҳот махсусан қайд намуд. Номбурда барои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки зикршуда, аз ҷумла расонидани кӯмаки техникӣ дар самти такмили мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар риштаҳои таҳлил ва пешгирии хавфҳо, сиёсати монетарӣ, макроиқтисодӣ ва амсоли инҳо изҳори омодагӣ баён намуд. Ҷаноби Ҳидеки Танабе зимни суҳбат изҳор дошт, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории боз ҳам самарабахш ва дарозмуҳлат дар самти такмили таҷрибаи мутахассисони низоми бонкӣ ба Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) маълумоти муфассал  бо ишора ба самтҳои афзалиятнок лозим аст. Номбурда омодагии хешро дар расонидани дастгирии техникӣ дар бахши низоми бонкӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи бонкӣ баён намуд.

IMG_6364.JPG

Дар интиҳои мулоқоти судманд ҷонибҳо якдилона ба мувофиқа омаданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи самаровар ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Қобили қайд аст,  ки "Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ" (JDS) аз соли 2008 то ба инҷониб барои хизматчиёни давлатӣ таҳсилро дар Донишгоҳҳои Ҷопон пешниҳод мекунад. Мақсад аз тарҳи JDS тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ба ҳисоб рафта, дар доираи барномаи мазкур ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатии ҷавон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт расонида мешавад.

Ба ҳолати феврали соли 2017, дар доираи лоиҳаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 нафар сазовори бурсия шуда, барои таҳсил ба Ҷопон фиристода шуданд. Боиси тазаккур аст, ки 4 корманди Бонки миллии Тоҷикистон низ дар доираи ин лоиҳа таҳсилро хатм намуда, 3 нафари дигар дар таҳсил қарор доранд, боз 1 нафар барои таҳсил сафарбар шудааст, ки малакаи корӣ ва савияи дониши худро дар донишгоҳҳои маъруфи давлати Ҷопон такмилу тақвият медиҳанд. Аксарияти хатмкунандагони ин барнома барои кор дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ сафарбар карда шуданд.


Шуъбаи матбуоти

БМТ



Возврат к списку