Бо мақсади пешбурд ва назорати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, таҳти №815 Қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон Ҳайати муштараки корӣ таъсис дода шуд.
Ҳайати муштараки корӣ аз 31 марти соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сохторҳоеро, ки бояд бо терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз гарданд, санҷиш гузаронида истодаанд.
Аз оғози фаъолияти ҳайати муштараки корӣ дар 359 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуд. Аз ин миқдор муассисаҳои савдо ва хизматрасонии санҷидашуда дар 58 онҳо ПОС – теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо ПОС – терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нестанд, бо роҳбарон ва кормандони онҳо оид ба зарурият ва афзалиятҳои истифодабарии ПОС терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба 301 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар мӯҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд.
Дар рафти санҷиш аз ҷониби намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ба соҳибкорон нусхаи қарори №815 ва рӯйхати ташкилотҳои қарзие, ки бо барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғул мебошанд, бо дарҷи рақамҳои телефонии кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва сомонаи расмии онҳо пешниҳод шуда истодаанд.
Ҳамаруза ба маълумоти ташкилотҳои қарзие, ки бо барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ машғул мебошанд, рӯйхати муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки ба онҳо огоҳинома дода шудааст, тавассути почтаи электронӣ ирсол карда мешавад. Ташкилотҳои қарзӣ мувофиқи ин руйхатҳо бо соҳибкорон дар тамос шуда, хизматрасониҳои худро оид ба насб кардани ПОС – терминалҳои электронӣ ва қабули кортҳои пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ пешниҳод намуда истодаанд.
Терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб гашта, барои насб намудани он соҳибкорон бояд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохти бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.
Қайд кардан бомаврид аст, ки афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтӣ ва истифодаи оммавии онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ шаффофияти ҷараёнҳои молиявиро таъмин намуда, ба афзудани воридшавии андозҳо мусоидат менамояд ва яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин, бо мақсади осон кардани дарёфти маълумот оид ба муассисаҳои савдою хизматрасоние, ки дар онҳо барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ терминалҳои электронӣ насб карда шудааст, махзани ягона тартиб дода шуда, он дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шабаки Интернет ҷойгир карда шудааст (ишора ба нишонии махзан – nbt.tj/tj/payment_system/mal_soh_ter_elek.php).
Маълумоти оморӣ:
Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда, ба санаи 1 апрели соли 2017 зиёда аз 1 666,0 ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, зиёда аз 1 639,1 ҳаз. нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 9,9 фоиз зиёд гардид.
Дар баробари ин, ба санаи 1 апрели соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 746 адад ва 2 398 ададро ташкил намуд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1573 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 825 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ