Идомаи ҷаласаи AFI дар Маркази таълимии беруназшаҳрии Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
25.04.2017

Идомаи ҷаласаи AFI дар Маркази таълимии беруназшаҳрии Бонки миллии Тоҷикистон

Рӯзи дуюм аст, ки дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group)-и Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Fanancial Inclusion-AFI) бо ширкати намояндагони 47 давлати дунё, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор идома дорад.

1.JPG

Дар нимаи дуюми рӯзи аввали баргузории ҷаласаи мазкур презентатсияи корманди Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Заррина Одинаева таҳти унвони “Густариши дастрасии молиявӣ ва стратегия”ва презентатсияи намояндаи AFI ҷаноби Чарлес Марва дар мавзӯи Тағйиротҳои сиёсати дастрасии молиявӣ дар давлатҳои аъзои AFI дар соли 2016. Пешрафт ва навгониҳои аъзои AFI вобаста ба стратегияҳои миллӣ ва маълумотҳо тибқи Портали иттилоотии AFI манзури иштирокдорон гардонида шуд, ки мавриди муколама ва мубодилаи афкор қарор ёфт.

2.JPG

Имрӯз, 25 апрели соли равон, тибқи барномаи тасдиқшудаи ҷаласа презентатсияҳои кормандони Департаменти мониторинги молиявӣ, Идораи муносибатҳои байналмилалӣ ва Идораи омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯҳои “Дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон”, “Ҳисобот оид ба дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда, пешниҳоди хулосаҳои ҷаласаи муштарак бо FID WG”, “Дастовардҳо мутобиқи Декларатсияи Майя: мушкилотҳо ва имкониятҳо”, “Маълумотҳои гендерӣ. Харитаи роҳнамо оид ба дастрасии молиявӣ”, “Стратегияи миллӣ оид ба Дастрасии молиявӣ: мушкилотҳои татбиқшавӣ ва роҳҳои ҳамоҳангсозӣ” ва “Мақсадҳои баҳодиҳии дастрасии молиявӣ” манзури иштирокдорон гардонида шуд.

5.JPG

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку