Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Норберт Мумба

Бойгонии ахбор
25.04.2017

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Норберт Мумба

Имрӯз, 25 апрели соли равон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшед Нурмаҳмадзода Муовини Директори Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) ҷаноби Норберт Мумбаро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ташрифи ҷаноби Норберт Мумбаро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, изҳори умед кард, ки натиҷаҳои Ҷаласаи 15-уми Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) барои густариш ва тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар доираи ташкилоти мазкур тақвият бахшида, барои ҳамкориҳои минбаъда заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

IMG_6506.JPG

Ҷаноби Норберт Мумба дар навбати худ барои дар сатҳи баланд ташкил намудани баргузории ҷаласаҳои понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group)-и Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion-AFI), ки рӯзҳои 24-28 апрели соли равон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, ба Раиси Бонки миллии Тоҷикисон муҳтарам Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳори сипос намуд.

IMG_6511.JPG

Мавсуф, инчунин, оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудани фаъолияти донорҳо дар самти коркарди Стратегияи дастрасии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2017-2030, афзалият додан ба занҳои соҳибкор, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ки барои рушду нумӯи кишвар нақши босазо дорад, ибрози назар намуда, омодагии Иттиҳод оид ба дастрасии молияви (AFI)-ро дар самти низоми молиявӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ, татбиқи барномаҳои якҷоя ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба чанд масъала, аз ҷумла вазъи кунунии низоми бонкӣ, муҳиммияти дастгирии молиявии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии техникӣ, сафарбар намудани мутахассисон барои такмили ихтисос дар хориҷ аз кишвар, табодули таҷриба, оид ба ҳамкории судманд дар самти низоми молиявии кишвар, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ, Стратегияи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ барои солҳои 2017-2019 мавриди гуфтушунид қарор доданд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку