Бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати бонуфузи “Thomson Reuters company” рӯзҳои 23-24 апрели соли 2017 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронс дар мавзӯи “Бозори байнибонкии асъор ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони Биржаи Москва ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ баргузор гардид.
Дар рафти конфронс намояндагони ширкатҳои “Thomson Reuters company” ва Биржаи Москва дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи низоми бонкии кишвар масъалаҳои марбут ба низоми музоядаҳо, таҳлили фишангҳои бозорӣ, банақшагирӣ ва идоракунии мавқеи асъорӣ дар бозори асъор ва имкониятҳои нави платформаи “Thomson Reuters” - ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни баргузории чорабинӣ намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳои “Асосҳои идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳои бонкҳои тиҷоратӣ”, “Зарурати батанзимдарории муносибатҳои асъорӣ”, “Таҳлили техникӣ, фундаменталӣ ва қурби асъор”, “Фишангҳои қарзӣ ва бартарияти онҳо барои ташкилотҳои қарзӣ”, “Самаранокии сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон” бо муаррифӣ баромад намуданд.
Дар интиҳои конфронс ҳама иштирокчиён, алалхусус намояндагони “Thomson Reuters company” ва Биржаи Москва аз ин чорабинии хотирмон ва ҳамкориҳои судманд арзи сипос намуда, фаъолияти бонкҳои Тоҷикистонро дар бозори байнибонкии асъорӣ хуб арзёбӣ карданд.
Инчунин намояндагони ширкати “Thomson Reuters company” Бонки миллии Тоҷикистонро барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди технологияҳои иттилоотӣ дар бозори молиявӣ қадрдонӣ намуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ