Ҷамъбасти фаъолияти Гурӯҳҳои кории Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) дар Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
01.05.2017

Ҷамъбасти фаъолияти Гурӯҳҳои кории Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) дар Тоҷикистон

28 апрели соли 2017 ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маълумоти оморӣ доир ба дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group)-и Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion-AFI), ки дар Марказии таълимии Бонки миллии Тоҷикистон Пуғус бо ширкати наздики 50 давлати дунё 24 апрели соли равон ба кори худ оғоз бахшиданд, фаъолияти худро барои даври навбатӣ ҷамъбаст намуданд.

AFI_FINAL_1.JPG

Дар ҷаласаи муштараки хотимавӣ Муовини Директори иҷроияи Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ ҷаноби Норберт Мумба, Муовини Раиси Бонки марказии Нигерия ҷаноби Ҷозеф Атта ва намояндаи Бонки марказии Филиппин ҷаноби Минард Моҷика суханронӣ намуда, фаъолияти Гурӯҳҳои кории Иттиҳодро, ки тайи панҷ рӯз, аз 24 то 28 апрели соли равон идома доштанд, натиҷагирӣ намуданд.

Зимни фаъолияти панҷрӯза Гурӯҳҳои корӣ дар бораи усулҳо ва таҷрибаи доир кардани назарсанҷиҳо оид ба дастрасии молиявӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси миллӣ ва фарҳангии кишварҳои аъзо, Стратегияҳои миллии дастрасии молиявӣ ва таъсири баҳодиҳии дастрасии молиявӣ, лоиҳаҳо дар самти омода кардани маълумот аз рӯйи нишондиҳандаҳои омории кишварҳои аъзо, аз ҷумла шумораи умумии нуқтаҳои дастрасии молиявӣ, банкоматҳо, кормандони нуқтаҳои дастрасии молиявӣ, мавқеи нуқтаҳои дастрасии молиявӣ дар воҳидҳои маъмурӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои фоизӣ, кушодан ва пайгирӣ намудани шумораи суратҳисобҳои амонатӣ, суратҳисоби қарзии танзимшаванда ва шумораи суратҳисобҳои қарзӣ баррасӣ гардиданд ва барои фаъолияти минбаъдаи кишварҳои узви AFI ҳамчун дурнамо пешниҳод ва тавсия хоҳанд шуд.

AFI_FINAL_2.JPG

Ҳамин тариқ, барои расидан ба ҳадафҳои худ аъзои Гурӯҳҳои кории Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion - AFI) навовариҳо ва таҷрибаву малакаи мутахассисони соҳибтаҷрибаро аз кишварҳои аъзо мавриди омӯзиш қарор доданд. Таҳияи низоми умумии иттилоот байни аъзои Иттиҳоди мазкур, бо мақсади андозагирии ҳамгироии молиявӣ ва мубодилаи таҷрибаи андӯхта нисбат ба нишондиҳандаҳои асосӣ, усулҳои тадқиқот, таҳлил ва истифодаи маълумот, баҳри иттилоъ додан дар самти дастрасии молиявӣ равона мегарданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои мазкур иштирокдорон аз мавзеъҳои таърихӣ, табиати зебои Тоҷикистон, осорхонаҳо, қалъаи Ҳисор, Боғи Ирам дидан карда, бо фаъолияти якчанд ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ шинос шуданд.

AFI_FINAL_3.JPG

Дар тантанаи ҷамъбасти баргузории ҷаласаҳои Гурӯҳҳои кории Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) ҷаноби Норберт Мумба барои ташкили ҷаласаҳои Гурӯҳҳои корӣ дар сатҳи баланд ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз номи иштирокдорон ва Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ изҳори сипос намуда, барои иштирок дар Форуми навбатии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, ки 13-15 сентябри соли 2017 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, аз Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Инчунин, дар ҷамъбасти чорабинии сатҳи байналмилалӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев баромад намуда, изҳор дошт, ки баргузории ҷаласаҳои Гурӯҳҳои кории Иттиҳод (AFI) барои чорабиниҳои минбаъдаи сатҳи баланди ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ заминаи воқеӣ гузошта, баҳри ба даст овардани таҷрибаи ғанӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ, рушди соҳибкории хурду миёна имконияти васеъ фароҳам хоҳад овард.

AFI_FINAL_4.JPG

Бояд гуфт, ки Иттиҳоди дастрасии молиявӣ (AFI) нахустин созмони ҷаҳонист, ки вазифаи шабакаи иттилоотиро барои бонкҳои марказӣ ва дигар институтҳои молиявӣ – танзимгарон дар кишварҳои дорои бозори молиявии тараққиёбанда иҷро менамояд. Фаъолияти Иттиҳод ба иштирокдорон барои дастрасии онҳо ба таҷриба ва иттилооти давлатҳои пешрафта дар масъалаи боло бурдани маърифати молиявӣ ва осон кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ имконияти хуб фароҳам меорад.

Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2011 узви комилҳуқуқи Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ гардидааст. Дар доираи ҳамкорӣ бо Иттиҳод Бонки миллии Тоҷикистон баҳри боло бурдани сатҳи дониш, малака ва имкониятҳои зиёд кардани дастрасии молиявӣ дар кишвар тавассути иштирок дар кори гурӯҳҳои кории гуногуни он чораҳои муассир меандешад. Фаъолияти ин гурӯҳҳои корӣ барои мубодилаи самараноки таҷриба ва боло бурдани сатҳи дониш дар соҳаи дастрасии молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, масъалаҳои таҳияи маълумоти оморӣ оид ба дастрасии молиявӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мусоидат хоҳад кард.

AFI_FINAL_5.JPG

Ҳамасола ду маротиба аз ҷониби ташкилоти мазкур (AFI) бо навбат дар кишварҳои мухталифи аъзо ҷаласаҳои кории гурӯҳҳои мазкур гузаронида мешавад. Дар асоси чунин муқаррарот Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани ду ҷаласаи Гурӯҳи корӣ – ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маълумоти оморӣ доир ба дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group) - ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар AFI шаш Гурӯҳи корӣ фаъолият намуда, Бонки миллии Тоҷикистон ба панҷ Гурӯҳи кории AFI, аз ҷумла Гурӯҳи кории маблағгузории соҳибкории хурду миёна (SME Finance Working Group), Гурӯҳи кории густариши имконоти истеъмолкунанда ва идоракунии бозор (Consumer Empowerment and Market Conduct Working Group), Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маълумоти оморӣ доир ба дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group) ва Гурӯҳи кории хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (Digital Financial Servises Working Group) шомил мебошад.

AFI_FINAL_6.JPG

Ҳадафи калидии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion-AFI) дар кишварҳои аъзо кӯмак намудан дар амалӣ гардидани сиёсати рушди дастрасии молиявӣ мебошад, ки қисматҳои (компонентҳо) асосии он – ин ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, бонкдории мобилӣ, агентҳои бонкӣ (Banking Agent) ва ғайра мебошанд.

Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion-AFI) аввалин шабакаи иттилоотии ҷаҳонии бонкҳои марказӣ ва дигар ташкилотҳои танзими молиявии кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад, ки соли 2008 таъсис дода шудааст. Қароргоҳи Иттиҳоди мазкур дар шаҳри Куала-Лумпури Давлати Малайзия воқеъ гардида, зиёда аз 120 ташкилот аз 90 кишвари сайёра ба узвияти ин созмон шомил шудаанд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку