Ширкати Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар Муколамаи 4-ум оид ба маблағгузории рушд

Бойгонии ахбор
01.05.2017

Ширкати Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар Муколамаи 4-ум оид ба маблағгузории рушд

Бо даъвати Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) дар ҳамбастагӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри-Ланка Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои ширкат дар Муколамаи 4-ум оид ба маблағгузории рушд дар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки рӯзҳои 28-29 апрели соли 2017 дар шаҳри Банкок (Таиланд) доир гашт, сафари корӣ дошт.

rais_2.jpg

Ҳадаф аз ширкат дар Муколамаи 4-ум оид ба маблағгузории рушд дар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором муҳокимаи мушкилоти кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар раванди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ, инчунин татбиқи минбаъдаи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор иборат буд.

Дар доираи чорабинии мазкур масъалаҳо оиди чор бахши афзалиятноки ба сиёсати низоми бонкӣ муҳим, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши андозбандӣ, маблағгузорӣ барои рушди инфрасохтор, дастрасии молиявӣ ва маблағгузорӣ барои пешгирии тағйири иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин Муколама намояндагони 37 кишвари дунё, аз ҷумла вазирон, таҳлилгарон, олимон, намояндагони доираи бахши хусусӣ, маблағгузорону саҳомони минтақавию фароминтақавӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ ширкат варзиданд.

rais_1.jpg

Боиси қайд аст, ки дар доираи чорабинӣ имконияти васеъ барои гузаронидани гуфтушунидҳои дуҷониба фароҳам оварда шуданд. Бо истифода аз фурсати мусоид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Дабири Кулли Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) хонум Шамшод Ахтар мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои муҳимми бахши молиявию бонкӣ, аз ҷумла беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, имтиёзҳои сармоягузорони хориҷӣ, солимгардонии низоми молиявию бонкӣ, ҳамчунин расонидани кӯмакҳои молиявию техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муколамаи пурмуҳтаво барпо намуданд.

Дар навбати худ, хонум Шамшод Ахтар оид ба ҳамкории миёни Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуд, ки дар ин самт ҳамкории мусоиди тарафайнро ба роҳ хоҳад монд. Мавсуф ёдовар шуд, ки дар таҷрибаи қаблии Ҷумҳурии Муғулистон низ буҳрони молиявию бонкӣ дида мешавад, ки ин кишвар бо истифода аз шеваҳои хос тавонист муваффақона аз буҳрони мазкур раҳоӣ ёбад. Дар баробари ин хонум Шамшод Ахтар зикр намуд, ки буҳрони молиявию бонкии кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон шабеҳи буҳрони молиявию бонкии қаблии Муғулистон мебошад. Аз ин рӯ, фиристодани гурӯҳи коршиносони низоми бонкии Тоҷикистонро барои андӯхтани таҷриба ба Ҷумҳурии Муғулистон дар ин самт ба мақсад мувофиқ донист.

Ҳамзамон, хонум Шамшод Ахтар изҳор дошт, ки ташкилу гузаронидани барномаи омӯзиширо дар Ҷумҳурии Муғулистон Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) ба уҳдаи худ хоҳад гирифт.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода пешниҳодҳои Дабири Кулли Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) хонум Шамшод Ахтарро хуш пазируфта, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самти низоми бонкиву молиявӣ изҳор намуд.

Бояд қайд кард, ки зимни сафари корӣ Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои доир намудани мулоқоту вохӯриҳои дуҷонибаи судманди барои Ҷумҳурии Тоҷикистон самараовар кӯшиш ба харҷ дод. Дар сафари корӣ Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро сардори Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Азиз Холбобоев ҳамроҳӣ намуд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ




Возврат к списку