Дар такя ба ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунии муҳити атроф, бо мақсади иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017 таҳти №9-ф, вобаста ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2017 (№52) дар хусуси 150 рӯзи ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар пойтахти кишвар баҳри сазовору арзанда ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон пайваста шанбегиҳо ба тариқи ҳашарҳои дастаҷамъӣ гузаронида мешаванд.
Аз ҷумла, ҳафтаи сипаригашта рӯзи 6 майи соли равон бо ташаббуси роҳбарияти бонк шанбегӣ гузаронида шуд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар кормандони воҳидҳои гуногуни сохтории бонк фаъолона иштирок намуда, бо тозаю озода намудан ва ба тартиб овардани гирду атроф ва саҳни ҳавлии Бонки миллии Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳим саҳми худро гузоштанд.
Қобили қайд аст, ки зимни шанбегиҳои мазкур ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободониву кабудизоркунӣ шинонидани дарахтону буттаҳо ва гулҳо ба роҳ монда мешаванд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ