Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Ян Питерс Олтерс: баррасии рушди ҳамкориҳои судманд

Бойгонии ахбор
12.05.2017

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Ян Питерс Олтерс: баррасии рушди ҳамкориҳои судманд

12 майи соли 2017 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшед Нурмаҳмадзода Намояндаи доимии тозатаъйини Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Питерс Олтерсро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз фаъолияти хеле самарабахши намояндаи қаблии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картер таъкид намуда, барои идома додани ҳамкорӣ ба таври фаъол изҳори умед намуд.

WB_1_vstrecha.JPG

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои беруна ба низоми бонкии кишвар, зарурати сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, бахши хусусӣ, соҳаи кишоварзӣ ва атрофи дигар соҳаҳо табодули назар намуданд. Аз ҷумла ҳамкорӣ дар яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт – низоми бонкии кишвар масъалаи муҳимми мулоқот қарор гирифт.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода ҳамзамон дар навбати худ зимни изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки Ҷаҳонӣ, Намояндаи доимии тозатаъйини он дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Питерс Олтерсро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт ва барои фаъолияти минбаъдаи мавсуф дар ин вазифа муваффақият орзу намуд.

2.JPG

Дар навбати худ ҷаноби Ян Питерс Олтерс изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахши молия, аз ҷумла бахши хусусӣ, ки дар суботи молиявии кишвар нақши муҳим мебозад, омода аст. Мавсуф зикр кард, ки айни замон барномаи миёнамуҳлати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ омода шуда истодааст ва самтҳои афзалиятноки он дар рафти муколамаи тарафайн муайян хоҳад шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ба муколама мутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳлили иқтисодӣ хонум Наоко К.Коджо ҳамроҳ шуда, аз мақсад ва моҳияти Ташхиси муттасили кишвар (СДС), ки аз доираи фарогирии он ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва муҳайё намудани фазои хуби сармоягузорӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкии кишвар сарчашма хоҳад гирифт, маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Номбурда аз таҷрибаи фаъолияти худ дар кишварҳои дигари ИДМ, ки бо мушкилоти низоми бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, ибрози назар намуд. Бо назардошти мавҷудияти чунин таҷриба, Бонки миллии Тоҷикистон хостори ҷалби машваратчии ботаҷриба дар самти низоми бонкӣ барои давраи дарозмуҳлат гашт, ки ҷониби Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Дар ҷамъбасти машварати пурмуҳтаво, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мутақобилан судманд ҷараён гирифт, тарафҳо аз як будани мақсаду мароми ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои баррасишуда изҳори омодагӣ баён намуданд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку