Ташрифи Ҳайати расмии Бонки миллии Швейтсария

Бойгонии ахбор
15.05.2017

Ташрифи Ҳайати расмии Бонки миллии Швейтсария

Ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсария таҳти роҳбарии Директори тозатаъйини Департаменти кӯмакҳои техникии бонк ҷаноби Марко Кавалиере, 15 майи соли равон, бо сафари расмӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

swiss_1.JPG

Дар мулоқоти расмӣ, Ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсарияро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло бо вазъи низоми бонкии кишвар, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва ислоҳоти дар низоми бонкии кишвар татбиқшаванда ошно намуда, иброз дошт, ки новобаста аз таъсири омилҳои буҳронӣ ба кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист устувории иқтисодиётро таъмин намояд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории судманд бо мақсади расонидани кӯмаки техникӣ ҷанбаҳои гуногуни низоми бонкии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла дар самти сиёсати монетарӣ, суботи молиявӣ, таҳлили хавфҳо, таҳияи дурнамо бо назардошти маълумотҳои оморӣ, таҳияи методология ва усулҳои самарабахши таҳияи он муколамаи пурмӯҳтаво доир намуда, вобаста ба рушди ҳамкориҳои минбаъда ибрози назар намуданд.

swiss_2.JPG

Дар қисмати дуюми барномаи ташриф директори Департаменти кӯмакҳои техникии Бонки миллии Швейтсария ҷаноби Марко Кавалиере дар мавзӯи “Ҳамкориҳои дуҷониба ва усули кӯмаки техникӣ”, ки доираи фаъолияти Департаменти мазкур ва самтҳои асосии ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кӯмакҳои техникиро фарогир аст, муаррифии муфассал манзур намуд. Зимни муаррифӣ ҷаноби Марко Кавалиере масъалаҳо оид ба сохтори ташкилии ҳамкории байналмилалии монетарӣ, самтҳои асосии фаъолияти тарафайн, ҳадафҳо, шакл ва усулҳои пешбаранда дар минтақаҳои ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ҷамъбасти муаррифӣ бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон муҳокимаи тӯлонӣ доир шуда, ҷониби Бонки миллии Швейтсария аз пешниҳоду таклифҳои ҷолиб ҷиҳати амалӣ шудани кӯмакҳои техникӣ ибрози қаноатмандӣ намуданд.

swiss_3.JPG

Қобили қайд аст, ки Директори Департаменти кӯмакҳои техникии Бонки миллии Швейтсария Марко Кавалиереро дар ин сафари расмӣ кормандони бонки мазкур Гилберт Хайм ва Нодира Хоункер ҳамроҳӣ менамоянд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ




Возврат к списку