Барномаи саводнокии касбӣ ва татбиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ

Бойгонии ахбор
16.05.2017

Барномаи саводнокии касбӣ ва татбиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ

16 майи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ даври аввали семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ” доир гашт. Даври омӯзишӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” амалӣ мегардад.

islam_banking_1.JPG

Дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур, ки бо иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин, Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Фатҳиддин, мушовири байналмилалӣ Муҳаммад Зубайр (Покистон) ва директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Шералиев Маҳмадулло баргузор гардид, зикр шуд, ки семинари мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба дастгирии молиявии хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии ҷавонон ва занҳо таҳия гардида, бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва таҷрибаи ҳайати роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати ташкили хизматрасонии молиявӣ тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ барои амалӣ намудани барномаи VOLIP гузаронида мешаванд.

islam_banking_2.JPG

Аз ҷумла, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин зимни суханронӣ изҳор дошт, ки ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ тавассути баланд бардоштани малакаи касбии шаҳрвандон, заминаи мусоид барои омӯзиш ва гирифтани тахассус, таъмини маблағгузории хурд барои идома додани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Зикр гардид, ки ҷиҳати дастгирии хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва худшуғл қарзҳои хурди имтиёзнок пешбинӣ шудааст, ки тавассути ташкилотҳои қарзӣ дода мешаванд.

islam_banking_3.JPG

Сипас, аз ҷониби роҳбари ширкати машваратии байналмилалии “Ал-ҳуда” Муҳаммад Зубайр ва мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон Уроқова Кибриё ва Бердиев Муслим ба иштирокдорон оид ба асосҳои маблағгузории исломӣ, маблағгузории хурди исломӣ ва имкониятҳои истифодаи он дар шароити Тоҷикистон, ҷараёни татбиқи низоми бонкдории исломӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, шарту шароитҳои созишномаҳои фаръӣ, шарту талаботҳо ва амалиётҳои маблағгузории хурди исломӣ дар доираи барномаи VOLIP ва тарзи истифодаи амалиётҳои муробаҳа ва салам маърӯза-муаррифиҳо пешниҳод гардиданд.

Марҳилаи омӯзишӣ барои намояндагони ташкилотҳои қарзӣ идома хоҳад ёфт ва баргузории даври дуюми семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони масъули сохторҳои маҳаллии ташкилотҳои қарзӣ рӯзҳои 18-23 майи соли 2017 дар назар аст. Дар рафти машғулиятҳо, дар баробари омӯзиши донишҳои назариявӣ, ба иштирокдорон инчунин масъалаҳои амалӣ ҷиҳати истифодаи амалиётҳои маблағгузории исломӣ дар раванди қарздиҳии хурди барномаи VOLIP омӯзонида мешаванд.

islam_banking_4.JPG

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон” VOLIP дар доираи Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд аз 11 январи соли 2013 ба имзо расонида шуда, татбиқи он аз моҳи феврали соли 2014 ба уҳдаи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” вогузор карда шудааст. Мақсад аз роҳандозии лоиҳаи мазкур паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии мувофиқ дар байни ҷавонони синну соли аз 15 то 24 сола ва занони деҳот аз 24 то 49 сола, тариқи омўзиши касбӣ ва дастгирии молиявӣ ҷиҳати таъмин намудан ба шуғл ва гирифтани даромад мебошад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку