Тадбирҳои навбатии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ

Бойгонии ахбор
25.05.2017

Тадбирҳои навбатии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ

Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва низоми молиявӣ нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир идомаёбии ноустувории молиявӣ дар кишвар фишорҳои қурбӣ ва таваррумиро дар иқтисодиёт зиёд намуда, бинобар зиёд будани сатҳи долларикунонии низоми бонкӣ, таъсири хавфҳои мавҷударо дар он афзун гардонид. Вобаста ба ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани таъсири эҳтимолии хавфҳо ва солимгардонии низоми бонкӣ мунтазам чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Баҳри тезонидани раванди дедолларикунонӣ дар иқтисодиёт, баланд бардоштани эътимод ва боварии аҳолӣ ба пули миллӣ ва низоми бонкӣ, бо қарорҳои қабулнамудаи Кумитаи суботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, дар ояндаи наздик тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии амалкунанда ворид карда мешаванд.

Аз ҷумла, вобаста ба дигаргун кардани андозаи меъёри пардохтҳои тақвимии бебозгашти ташкилотҳои қарзӣ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (Хазина) ва андозаи ҷубронпулии Хазина ба пасандоздорон, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” тағйиру иловаҳои нав ворид мегарданд. Тибқи тағйиру иловаҳои пешбинишуда, андозаи фоизи пардохтҳои тақвимии бебозгашти ташкилотҳои қарзӣ ва андозаи ҷубронпулии Хазина ба пасандоздорон аз рӯи асъор, яъне бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гуногун муқаррар хоҳанд шуд.

Илова бар ин, ҷиҳати такмили гуруҳбандии дороиҳои бо назардошти хавф баркашидашуда ба Дастурамали №176 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ” тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Вобаста ба ин, барои ҳисоби меъёри кифоятии сармоя, қарзҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ дода шудаанд, ҳамчун дороиҳои бо назардошти хавф то 150 фоиз давра ба давра баркашида мешаванд.

Саривақт амалигардонии тадбирҳои мазкур метавонад бевосита ба самаранокии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва амалисозии самтҳои асосии нақшаи стратегии онҳо мусоидат намуда, баҳри баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва таъмини суботи молиявӣ дар кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку