Машғулиятҳои дуалӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявӣ

Бойгонии ахбор
26.05.2017

Машғулиятҳои дуалӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявӣ

Даври панҷуми омӯзишҳои дуалӣ (дугона) барои мутахассисони низоми бонкӣ, ки бо ташаббуси Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016 то 24 майи соли 2017 дар вилояти Суғд идома дошт, ҷамъбаст гардид.

Дар рафти машғулиятҳои омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва азхудкунии донишҳои молиявӣ 50 нафар мутахассис аз 11 ташкилоти қарзӣ дар семинарҳои мазкур фаро гирифта шуданд.

Dual_obuch_1.JPG

Дар қисмати ҷамъбастии омӯзиш, ки рӯзҳои 22-23 майи соли равон дар бинои Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, аз иштирокдорони омӯзиши дуалӣ дар мавзӯъҳои асосҳои иқтисодиёт, амонатгузорӣ, гирифтани қарз, амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ, ҳисобдорӣ, ҳуқуқ, кушодани суратҳисобҳо, суратҳисобҳои амонатӣ, интиқоли маблағҳо, тарзи муносибат бо мизоҷон ва дигар масъалаҳои гуногуни низоми бонкӣ дар шакли тестӣ ва шифоҳӣ имтиҳон гирифта шуд.

Қобили қайд аст, ки зимни омӯзиши мавзӯъҳо иштирокдорон шавқу рағбати зиёд нишон дода, дар супоридани санҷишу имтиҳонҳо ниҳоят фаъол буданд. Дар натиҷа, ба 18 нафар иштирокдори омӯзиш шаҳодатнома бо баҳои аъло, ба 29 нафар шаҳодатнома бо баҳои хуб ва барои се нафар шаҳодатномаи иштирокчии омӯзиши дуалӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку