Муаррифии “Барномаи амнияти иттилоотии истифодабаранда (CSP)”

Бойгонии ахбор
29.05.2017

Муаррифии “Барномаи амнияти иттилоотии истифодабаранда (CSP)”

29 майи соли 2017, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ва директори Ҷамъияти SWIFT оид ба Русия, давлатҳои ИДМ ва Муғулистон Матвей Геринг, коршиносони Ҷамъияти SWIFT ва ташкилотҳои қарзӣ – аъзоёни Ҷамъияти SWIFT дар Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Барномаи амнияти иттилоотии истифодабаранда (CSP)” баргузор шуд.

SWIFT_1.JPG

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур шинос намудани намояндагони ташкилотҳои қарзӣ бо талаботҳои асосии Барномаи амнияти истифодабаранда (CSP – Customer Security Programm) мебошад. Барномаи амнияти истифодабаранда (CSP) бо мақсади пешгирии амалиётҳои қаллобӣ ва таъмини амнияти иттилоот таҳия гардидааст.

Тавре дар муаррифии барнома аз ҷониби коршиносони SWIFT Павел Прокудин, Ҷамбул Тологанов ва Светлана Левина баён гардид, Барномаи амнияти истифодабаранда (CSP) аз 27 тадбири амниятӣ иборат буда, иҷрои талаботҳои Барномаи CSP барои ҳар як иштирокчии низоми SWIFT то охири соли 2017 ҳатмӣ мебошад.

SWIFT_2.JPG

Пас аз вохӯрии мазкур мутахассисони Ҷамъияти SWIFT ба намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба талаботҳои техникӣ ва барномавии Гузариш ба SWIFT 7.2 маълумот пешниҳод карданд.

Қобили қайд аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли 1999 ҳамчун нахустин истифодабарандаи узви SWIFT дар Тоҷикистон пазируфта шуда, соли 2002 дар Бонки миллии Тоҷикистон Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT таъсис дода шудааст. Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT-и БМТ барои ба шабакаи SWIFT ҳамроҳ гардидани бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ шароит муҳайё намуда, мақсади асосии созмон додани он пеш аз ҳама кам кардани хароҷоти ташкилотҳои қарзӣ, таъмини амнияти иттилоотии марказонидашуда ва ҷой додани пойгоҳи додаҳо дар ҷумҳурӣ мебошад.

SWIFT_3.JPG

Айни замон, тавассути Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT-и Бонки миллии Тоҷикистон 25 ташкилоти қарзӣ ба шабакаи SWIFT пайваст мебошанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку