30 майи соли 2017, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова ва Директори ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” Николай Кузнетсовро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқоти мазкур дар доираи кӯмаки техникии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва шартномаи ҳамкорӣ бо Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” ҷиҳати таҳияи нақшаи солимгардонии ду бонки низомсоз ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи феълии низоми бонкӣ дар кишвар, аз ҷумла ҳолати молиявии ду бонки низомсоз ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, сифати сандуқи қарзӣ, дороиҳо ва уҳдадориҳо, шабакаи филиалҳо, вазъи таъминоти барномавӣ ва иттилоотӣ ибрози назар намуданд.
Зимни мулоқот Муовини якуми Раис Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ширкати “Alvarez&Marsal” ҷиҳати таҳия намудани нақшаи солимгардонии бонкҳои мазкур омода аст. Аз ҷумла бо ишора ба таҷрибаи касбии мутахассисони ширкат Ҷамолиддин Нуралиев изҳори боварӣ намуд, ки аз ҷониби ширкати “Alvarez&Marsal” модели нав ва муносиб барои солимгардонии бонкҳои номбурда таҳия ва пешниҳод хоҳад шуд.
Дар навбати худ, директори Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” Николай Кузнетсов барои ҳамкорӣ ва мусоидат аз намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки барои сазовор гаштани интизории Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи кофӣ дар ин самт тамоми саъю кӯшиши худро равона хоҳад сохт.
Боиси тазаккур аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Марина Ермакова, мутахассисони Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” Александр Волчков, Александр Еремин, Андрей Шинкаренко ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ