Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи солона ва бизнес форуми Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ки рӯзҳои 8 – 12 майи соли 2017 дар шаҳри Никосия (Кипр) доир гашт, намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд - Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва Муовини якуми Вазири молияи ҶТ Ҷамшед Каримзода муаррифӣ намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои асосӣ оид ба таъсири буҳрони минтақавӣ ба кишварҳои ҷаҳон, рушди фарогири (инклюзивии) иқтисодиёт, инчунин ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷриба байни Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва кишварҳои аъзо муҳокима гардиданд. Дар рафти ҷаласа диққати бештар ба масъалаи рушди фарогир (инклюзивӣ), ки имконияти тақсимоти баробари манфиатҳои иқтисодиро ба тамоми табақаҳои ҷомеа бо дастрасии адолатхоҳона ва озод фароҳам меоварад, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аз ҷумла, қайд гардид, ки БАТР барои амалӣ гардонидани ин ҳадаф-таъмини рушди фарогир дар минтақа ба давлатҳои аъзои худ кӯмак хоҳад кард.
Боиси тазаккур аст, ки дар доираи сафари корӣ аз ҷониби намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва Муовини якуми Вазири молия Ҷамшед Каримзода бо роҳбарони БАТР ва намояндагони як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ вохӯриҳои дуҷонибаи судманд анҷом дода шуд.
Аз ҷумла, зимни вохӯрӣ бо Президенти БАТР ҷаноби Сума Чакрабарти ва Ноиби якуми Президент, роҳбари Гурӯҳи хизматрасонии муштариёни БАТР Филип Беннетт ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидани сармоягузории БАТР ба иқтисодиёти Тоҷикистон гуфтушунидҳо анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ бо намояндаи Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ҷаноби Ариҷ Сенусӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар мулоқот бо мудири минтақавии Фонди Қувайт ҷаноби Юсуф Ал Бадер масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика, нақбсозӣ, обанборсозӣ, кушодани хатти қарзӣ барои соҳаи кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор доштанд.
Ҳангоми вохӯрии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи Департаменти хазинадории ИМА хонум Клай Бери масъалаҳои самаранок ба роҳ мондани ҳамкориҳо, ҳимояи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва таҳияи барномаи нави Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷиҳати дастгирии молиявии Тоҷикистон муҳокима гардиданд. Зимни мулоқот Клай Берри аз зарурати ислоҳот дар соҳаи бонкии кишвар дар ҳамкории зич бо ХБА ибрози назар намуд.
Дар рафти мулоқотҳои судманд аз ҷониби Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба вазъи кунунии иқтисодию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ва нақшаҳои оянда дар давраи миёнамуҳлат маълумот пешниҳод шуда, дар хусуси дастрас намудани кӯмаки техникӣ, ҷалби грантҳо ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзнок ба иқтисодиёт, аз ҷумла ба низоми бонкии кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо бонкҳои ватанӣ ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои дар низоми бонкии кишвар мавҷудбуда масъалагузорӣ карда шуд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ