Ҷаласаи васеи Институти шабакавӣ дар самти МҚД/МТ

Бойгонии ахбор
31.05.2017

Ҷаласаи васеи Институти шабакавӣ дар самти МҚД/МТ

22-26 майи соли 2017 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 26-умин Ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО), Ҷаласаи 9-уми Шӯрои Роҳбарони Воҳидҳои кашшофии молиявии кишварҳои аъзои ИДМ (СРПФР СНГ) ва ҷаласаи васеи Институти шабакавӣ дар самти МҚД/МТ баргузор гардиданд.

Fin_mon_1.JPG

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода роҳбарӣ мекард. Дар ҳайати мазкур мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон шомил буданд.

Дар ҷаласаи васеи Институти шабакавӣ дар самти МҚД/МТ бори нахуст намояндагони макотиби олии кишвар, аз ҷумла, Донишгоҳи (Славянии) Русия – Тоҷикистон (ДСРТ) ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) иштирок варзиданд. Бо сухани шодбошӣ ба намояндагони макотиби олии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчунин, Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ М.Ватанзода баромад намуданд.

Fin_mon_2.JPG

Инчунин, дар рафти ҷаласа маросими баимзорасии Созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба тайёр намудани мутахассисон дар низоми МҚД/МТ миёни ДСРТ, ДМИТ ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия (МУМЦФМ) доир гардид.

Баимзорасии Созишномаҳо ва иштирок дар ҷаласаи Институти шабакавӣ дар натиҷаи кӯшишҳои Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон дар чорчӯбаи татбиқи ташаббуси ҷорӣ намудани стандарти касбӣ дар самти МҚД/МТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти ҳавасмандӣ дар омода намудани мутахассисони боихтисос, Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкории мутақобиларо бо макотиби олии кишвар идома медиҳад ва барои дастрас намудани маълумот оид ба фаъолияти Институти шабакавӣ дар самти МҚД/МТ мусоидат хоҳад намуд.

Департаменти мониторинги молиявӣ
дар назди Бонки миллии Тоҷикистон


Возврат к списку