22 - 26 майи соли 2017, ҳайати намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин дар ҷаласаи корӣ дар Саридораи ширкати низоми пардохти байналмилалии «Mastercard» дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок намуд.
Дар рафти вохӯрии дуҷониба байни Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С.С. ва Хазинадори Корпоративӣ Алфред Кибе Шартномаи татбиқи ҳисоббаробаркунии амалиётҳо бо кортҳои байналмилалии низоми пардохти «Mastercard» (Settlement Service Agreement) дар низоми миллии ҳисоббаробаркунии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Ҳамкорӣ бо ширкати «Mastercard» ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” вусъат бахшида, барои рушди минбаъдаи бозори кортҳои пардохтӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мусоидат менамояд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур, ки дар моҳи августи соли 2017 ба нақша гирифта шудааст, марҳилаи муҳиме дар рушди бозори пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиёт бо кортҳои бонкӣ ба бонкҳо барои дар байни аҳолӣ густариш додани пардохтҳои инноватсионӣ, бехатар ва мусоид шароити мувофиқ фароҳам меорад.
Амалиёти ҳисоббаробаркунӣ бо пули миллӣ ҳангоми хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ бо истифода аз кортҳои «Mastercard» дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Яъне, Бонки миллии Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур ҳамчун бонки ҳисоббаробаркунанда амал менамояд. Бояд қайд намуд, ки гузаронидани амалиёт тариқи низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳо танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки агар Бонк – эмитент, Бонк – экваейр ва нуқтаи савдо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир бошанд ва асъоре, ки бо он амалиёт анҷом дода мешавад, пули миллӣ (сомонӣ) бошад.
Ҷорӣ намудани лоиҳаи мазкур ба ташаккули иқтисодиёти шаффоф, афзоиши ҳаҷми амалиёт бо кортҳои пардохтӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ ва афзоиши ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳаҷми умумии муомилоти пулӣ мусоидат хоҳад кард.
Айни замон ду бонки ватанӣ узви низоми пардохти байналмилалии «Mastercard» буда, теъдоди кортҳои пардохтии низоми мазкур 35 822 адад ё 2,13 % -и ҳаҷми умумии кортҳои пардохтии бонкиро ташкил менамояд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ