ДММ: Ҳамкории судманд ва дастовардҳо дар самти МҚД/МТ

Бойгонии ахбор
02.06.2017

ДММ: Ҳамкории судманд ва дастовардҳо дар самти МҚД/МТ

Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва бо мақсади мубодилаи иттилоот ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро бо мақомоти дахлдор ба таври густурда ба роҳ мондаст.

Бо дарназардошти ин, барои ҳамкории тарафайн ва дастовардҳои назаррас дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии ҶТ Роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, директори Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Фарҳод Билолов бо медали “Барои мусоидат” ва мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ Рухшона Муҳамадова, Сабзаалӣ Гулов, Зокиршо Давлатов ва Мансур Исматов бо “Ифтихорномаи фахрӣ” ва “Сипоснома”-и Вазорати корҳои дохилии ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

Қобили қайд аст, ки Департаменти мониторинги молиявӣ моҳи ноябри соли 2016 дар доираи Ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ (ш.Ню-Делӣ, Ҷумҳурии Ҳиндустон) дар самти ҳамкории мутақобилаи байниидоравии мақомоти кашшофӣ дар байни 9 давлати аъзо сазовори ҷойи дуюм гардид, ки ин нишони бо тадриҷ зиёд гардидани иқтидори низоми миллии МҚД/МТ ҷумҳурӣ буда, натиҷаи иродаи қавии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи тавсияҳои Гурӯҳи ФАТФ ба шумор меравад.

Шуъбаи матбуоти

БМТ


Возврат к списку