БМТ: Озмун эълон менамояд

Бойгонии ахбор
07.06.2017

БМТ: Озмун эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин


ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД


Идораи ҳисобдорӣ

I


Сармутахассиси шуъбаи амалиёти дохилибонкӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ;
• донистани қонунгузории муҳосибӣ;
• донистани меъёрҳои муҳосибии байналмилалӣ (СБҲМ),
  дорандаи сертификати САР, CIPA;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ - Ms Office (Word, Excell);
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
• доштани собиқаи кории муҳосибии бонкӣ на камтар аз 3 сол.

II


Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва назорати ҳисобдорӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ;
• донистони қонунгузории муҳосибӣ;
• донистани меъёрҳои муҳосибии байналмилалӣ (СБҲМ),
  дорандаи сертификати САР, CIPA;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ - Ms Office (Word, Excell);
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
• доштани собиқаи кории муҳосибии бонкӣ на камтар аз 3 сол.



Департаменти мониторинги молиявӣ


III


Сармутахассиси шуъбаи таҳлилу тадқиқот (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• маълумоти олии иқтисодӣ;
• маълакаи кор дар компютер (MS Office , Internet), системаҳои идоракунии пойгоҳи маълумот (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
• қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

Бояд донад:
• Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

IV


Сармутахассиси шуъбаи дастгирии ҳуқуқӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

• маълумоти олии ҳуқуқӣ;

• малакаи кор дар компютер- касбӣ;

• донистани тартибот ва рафти омодасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

• донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, англисӣ бартарият дорад.

V


Мутахассиси пешбари шуъбаи дастгирии ҳуқуқӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• маълумоти олии ҳуқуқӣ;
• маълакаи кор дар компютер- касбӣ;
• донистани тартибот ва рафти омодасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, англисӣ бартарият дорад.

Бояд донад:
•Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ дар соҳаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудааст.


VI

Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамкории байналмилалӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

• маълумоти олии иқтисодӣ;
• малакаи кор дар компютер - касбӣ;
• донистани қонун ва санадҳои меъёрии байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;
• донистани санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, тавсияҳои ФАТФ, шартномаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ;
• доштани собиқаи корӣ на кам аз 3 сол.
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

Шуъбаи ҳуқуқ

VII

Сардори Бахши санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ - Ms Office (Word, Excell);
• донистани забони давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• доштани малакаи касбӣ на камтар аз 5 сол (собиқаи кории бонкӣ афзалият дорад).

VIII

Сардори Бахши умури ҳуқуқӣ

Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ - Ms Office (Word? Excell);
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• доштани малакаи касбӣ на камтар аз 5 сол (собиқаи кории бонкӣ афзалият дорад).

IX

Сармутахассиси Бахши умури ҳуқуқӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ - Ms Office (Word, Excell);
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• доштани малакаи касбӣ на камтар аз 3 сол (собиқаи кории бонкӣ афзалият дорад).

Идораи корҳо

X

Муҳандиси пешбар оид ба мудофиаи гражданӣ, оташнишонӣ
ва ҳифзи меҳнати шуъбаи хоҷагидорӣ ва беҳдошт (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ, техникӣ ё ҳуқуқӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ;
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ;
• доштани собиқаи корӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, оташнишонӣ ва ҳифзи меҳнат на камтар аз 3 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон

• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38

• Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20.06 с.2017


Возврат к списку