Посух ба Радиои "Озодӣ"

Бойгонии ахбор
12.06.2017

Посух ба Радиои "Озодӣ"

Посух ба суолҳои хабарнигори радиои “Озодӣ” Муллораҷаб Юсуфӣ

Тибқи хабарҳои дарёфтӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар соли равон ба бонкҳои тиҷоратӣ тавсия додааст, ки қурби фоизи амонатҳоро поён баранд. Ҳадаф аз кам кардани фоизҳои амонатҳо дар чист?


- Вобаста ба тавсияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба паст кардани фоизи амонатҳо қайд менамоем, ки дар ҳақиқат Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия додааст, ки амонатҳоро бо асъори хориҷӣ бо фоизи то 6% қабул намоянд ва он характери тавсиявӣ дошта, ташкилотҳои қарзӣ ҳуқуқ доранд тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” муносибати худро бо мизоҷон дар асоси шартномаи дутарафа ба танзим дароранд.
Ҳадаф аз ирсоли ин тавсия дар он аст, ки ташкилотҳои қарзӣ тавонанд бо ҷалби амонтҳо бо фоизҳои паст, қарзҳоро низ бо фоизҳои паст пешниҳод намуда, бо ин васила талаботҳои барномаҳои давлатӣ оид ба зиёд намудани истеҳсолот дар дохили ҷумҳурӣ, зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва иваз намудани молҳои воридотӣ таъмин карда шавад, аз он ҷумла “Барномаи мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” ва иҷрои бандҳои 2 ва 22 Нақшаи чорабиниҳои барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС, зеро фоизи қарзҳои бонкӣ низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд то сатҳи фоизи миёнаи кишварҳои рӯ ба инкишоф поён карда шавад.

Ҳоло фоизи миёнаи амонатҳо дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон чӣ қадар аст?


- Қайд кардан ба маврид аст, ки ба санаи 30 апрели соли 2017 фоизи миёнаи амонатҳо дар бонкҳо бо пули миллӣ 14,9% ва бо асъори хориҷӣ 7,2%-ро ташкил медиҳад.


Дар соли равон теъдоди амонатҳои муштариён зиёд шудааст ё кам шудааст?


- Амонатҳои ташкилотҳои қарзӣ дар санаи 30 апрели соли ҷорӣ 9 380,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 175,9 млн. сомонӣ ё 1,9% зиёд шудааст.

Шуъбаи матбуот
БМТ


Возврат к списку