БМТ: Вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоягузорӣ

Бойгонии ахбор
19.06.2017

БМТ: Вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоягузорӣ

16 июни соли 2017 таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар якҷоягӣ бо намояндагони Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service ҷаноби Матю Киркоста, коршиноси ширкати “Oppenheimer” хонум Натали Маршик ва мушовири Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Аксел Сауер барои шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ҶСК “НБО Роғун” сафари корӣ анҷом дода шуд.

Rasm_1.JPG

Нахуст, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба манфиатовар будани сохтмони иншооти мазкур на танҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя аз Осиёи Ҷанубӣ ибрози назар намуданд. Ҷамолиддин Нуралиев дар мавриди хусусияти минтақавӣ доштани лоиҳа, ки ҳамчун бартарияти муқоисавии (сравнительное преимущество) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати дастрасӣ ба энержии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба кишварҳои минтақа махсусан таъкид намуданд.

Rasm_2.JPG

Меҳмононро директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафарзода пешвоз гирифта, дар бораи сохтмони иншооти бузурги аср дар Тоҷикистон ва корҳои дар ин самт анҷомшуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Rasm_3.JPG

Сипас, муовини директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Шамсуллозода М. ба намояндагони Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service ва ширкати “Oppenheimer” оид ба оғози таърихи бунёди лоиҳаи мазкур, рафти татбиқи лоиҳа ва нақшаҳои минбаъда муаррифии мушаххас пешниҳод намуд. Бо хотима ёфтани муаррифӣ муколамаи пурмуҳтаво доир гардид ва меҳмонон ба суолҳои худ оид ба бехатарии лоиҳа, бартарияти он ва баҳрабардории молиявӣ ва иқтисодӣ дар минтақа посух гирифтанд.

Rasm_4.JPG

Меҳмонон, дар рафти ин сафари корӣ дар баробари ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гаштан, бо мутахассисони ҶСК “НБО Роғун” мулоқот доир намуданд.

Rasm_5.JPG

Бояд гуфт, ки ҷаноби Матю Киркоста, хонум Натали Маршик ва ҷаноби Аксел Сауер аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда таассуроти баланд бардоштанд. Аз ҷумла, коршиноси ширкати “Oppenheimer” хонум Натали Маршик зикр намуд, ки имкони аз наздик шинос шудан бо татбиқи лоиҳаи НБО Роғун барояш муҳим буд: “раванди кор дар ин ҷо аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои зиёде анҷом дода шудааст ва таассуроти мо барои ҳамкориҳои минбаъда имкон фароҳам хоҳад овард”.

Rasm_6.JPG

Қобили қайд аст, ки Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Moody’s Investors Service фаъолияти худро аз соли 1909 ба роҳ монда, ҳамчун яке аз ширкатҳои бонуфузтарини рейтингии ҷаҳонӣ шинохта мешавад ва ҳамкорӣ бо ширкати Moody’s Investors Service аз соли 2013 ба роҳ монда шудааст, ки ин ширкат рейтинги соҳибихтиёрии кишварро барои пайгирии минбаъда муайян менамояд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку