Баррасии Шакли ҳисоботӣ оид ба гардиши пули нақд дар БМТ

Бойгонии ахбор
20.06.2017

Баррасии Шакли ҳисоботӣ оид ба гардиши пули нақд дар БМТ

20 июни соли 2017 таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола барои кормандони бахшҳои муомилоти пули нақд ва хазинаи вазорату мақомотҳо ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ Шакли ҳисоботии №23 оид ба “Гардиши пули нақд” ва тарзи дурусти пешниҳоди он, лоиҳаи Дастурамали №173 “Оид ба ташкили корҳои хазинавӣ дар БМТ, ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ” баррасӣ карда шуд. Нишасти корӣ бо иқдоми Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ ва дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории марбутаи БМТ доир гардид.

1.jpg

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л. чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, нахуст аз тартиби таҳияи Шакли ҳисоботии №23 оид ба гардиши пули нақд ва назорати қатъии риояи талаботҳои он дар ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати устувории сиёсати пулию қарзӣ ибрози назар намуд. Салимова Л. бо ишора ба омӯзишу таҳлили маълумотҳо изҳор дошт, ки бархе аз ташкилотҳои қарзӣ дар омода намудани шакли ҳисоботии мазкур беаҳамиятӣ зоҳир намуда, рамзҳоро аз рӯи амалиётҳои воридоти пули нақд нодуруст пешниҳод менамоянд. Дар идомаи суханронӣ Муовини Раис Салимова Л. намояндагони ташкилотҳои қарзиро ҳушдор сохт, ки дар фаъолияти ташкилоти худ дар ин самт аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро дар нимсолаи оянда назорат пурзӯр хоҳад шуд.

Сипас, сардори Идораи суботи молиявӣ Маҳмудов И. дар мавзӯи “Гардиши ҳаҷми пули миллӣ” ба ҳозирин муаррифӣ пешниҳод намуда, оид ба сатҳи таъминнокии иқтисодиёти кишвар бо пули нақд ва масъалаҳои марбут ба гардиши пули нақдро бо таҳлили мушаххас манзур намуд. Зимни чорабинӣ роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Дастурамали №173 “Оид ба ташкили корҳои хазинавӣ дар БМТ, ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ”, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қабули пешниҳодҳоро ба ин санад, инчунин “Тартиби ба муомилот баровардани сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳо” мавриди баррасӣ қарор доданд.

2.JPG

Иштирокдорон зимни муаррифӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳо фаъолона ширкат варзида, дар баробари пешниҳоди андеша ҷиҳати такмил додани лоиҳаи Дастурамали зикршуда, инчунин ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Зимни нишасти корӣ инчунин масъалаи тавсеа бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд, зеро рушди иқтисодиёти миллӣ зарурати афзоиши самаранокии гардиши маблағҳо ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар ҳаҷми умумии муомилоти пулӣ талаб менамояд. Зикр гардид, ки дар ин масъала на танҳо Бонки миллии Тоҷикистон, балки ташкилотҳои қарзиро низ зарур аст, фаъолиятро ҷоннок намуда, бо мақсади рушди низоми пардохт дар таҳия ва таъмини заминаи ҳуқуқии навовариҳо саҳмгузор бошанд.

3.JPG

Дар анҷоми машварати корӣ Муовини Раиси БМТ Салимова Л. таъкид намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади тоза намудани муомилоти пули нақд аз пулҳои фарсуда ва корношоям, ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро вазифадор намудааст, ки пулҳои фарсудаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъиро ба пулҳои эмиссионӣ ё коршоям ва тангаҳои филизӣ бемамоният ва ба таври ройгон иваз намоянд. “Маҳз бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро бо пулҳои тоза таъмин намуда истодааст”, - зикр намуд Салимова Л.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин нишастҳо дар таҳкиму тақвият бахшидан ба сатҳи касбият ва малакаи кории кормандони бахшҳои муомилоти пули нақд ва хазинавӣ дар ташкилотҳои қарзии кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку