Машғулиятҳои омӯзишии молиявӣ барои наврасон

Бойгонии ахбор
22.06.2017

Машғулиятҳои омӯзишии молиявӣ барои наврасон

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон, дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми июни соли 2017, ҷиҳати ғанӣ гардонидани маърифати молиявии наврасон дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шарора” барои наврасони синфҳои 7 ва 8-и макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ таҳти унвони “Пасандоз” бозии таълимии интерактивӣ баргузор намуд.

Aks_3.jpg

Дар оғози чорабинии мазкур, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимӣ Саъдӣ ба наврасон дар бораи аҳамият ва зарурати азбар намудани донишҳои молиявӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки иштирокдорони чорабинӣ дар омӯзиши мавзӯъҳои пешниҳодшаванда ва таҳлили мисолҳо бояд фаъол бошанд.

Aks_2.jpg

Чорабинии мазкур дар се бахш (тарзи нақшакашии хароҷоти оила) гузаронида шуда, ба иштирокдорон дар бораи банақшагирии даромаду хароҷот, қабули қарори дуруст дар ҳолати рух додани мушкилиҳои рӯзмарра, чӣ гуна ва аз куҷо дастрас намудани маблағ ва нақши институтҳои молиявӣ дар ҷомеа маълумот пешниҳод карда шуд.

Aks_1.jpg

Мақсад аз баргузории ин гуна машғулиятҳои интерактивӣ, баланд бардоштани завқи хонандагон дар омӯзиши донишҳои молиявӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки зимни семинар ба иштирокдорон - наврасони 12-14 сола, ки аз оилаҳои камбизоат ва бепарастор иборат буданд, донишҳои иқтисодиву молиявӣ дар шакли бозӣ ва саволу ҷавоб омӯзонида шуд.

Қобили қайд аст, ки дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ташаббускорони барнома ба ҳар кадом иштирокчӣ лавозимоти мактабӣ ва дигар намуди туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку