Идоракунии қарзҳои ғайрифаъол мавзӯи мубрами рӯз

Бойгонии ахбор
29.06.2017

Идоракунии қарзҳои ғайрифаъол мавзӯи мубрами рӯз

29 июни соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ даври омӯзиширо дар мавзӯи “Идоракунии қарзҳои ғайрифаъол” (NPL) барои намояндагони ташкилотҳои қарзӣ оғоз намуд.

“Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур ин баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони низоми бонкӣ дар самти идоракунии қарзҳо ва пешбурди сиёсати қарзӣ иборат мебошад”, -изҳор дошт зимни маросими ифтитоҳи чорабинӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ. Зикр карда шуд, ки мавзӯи семинар ба мушкилоти мубрами рӯз дар фаъолияти бонкӣ бахшида шуда, баргузор намудани он барои огоҳонидани ташкилотҳои қарзӣ аз мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли чунин муаммоҳо мусоидат хоҳад кард.

I_1.jpg

Дар идома, Сироҷиддин Икромӣ қайд намуд, ки таҳлилҳои солҳои охир нишон доданд, ки бинобар суст ба роҳ монда шудани фаъолияти қарзӣ ба осебпазир гардидани ташкилотҳои қарзӣ дар ин самт боис гардид.

Аз ин рӯ, Муовини Раиси БМТ С.Икромӣ намояндагони ташкилотҳои қарзиро ба иштироки фаъол ҳидоят намуда, барои иқдомгузорӣ дар пешниҳоду таклифҳои ҷолиб дар самти пешбурди сиёсати қарзӣ ва дар умум низоми бонкӣ даъват ба амал овард.

I_2.JPG

Дар давоми ду рӯз, 29-30 июни соли ҷорӣ ба намояндагони ташкилотҳои қарзӣ тренерҳои ботаҷриба Фергус Кларк ва Натаниэл Дикерсон дарс гуфта, дар баробари машғулиятҳои назариявӣ инчунин бо усули интерактивӣ машғулиятҳои амалӣ дар мавзӯи кор бо қарзҳои мушкилситон, андӯхтани таҷриба ва вазъи бозори қарзӣ доир менамоянд.

I_3.JPG

Боиси тазаккур аст, ки даври дуюми семинари амалӣ барои ташкилотҳои қарзии боқимонда дар мавзӯи «Идоракунии қарзҳои ғайрифаъол» рӯзҳои 3-4 июли соли равон баргузор мегардад. Машғулиятҳои мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳа оид ба таҳким бахшидани инфрасохтори молиявӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо кӯмаки Ҳукумати Швейсария (SECO) ва Британия Кабир амалӣ мегардад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку