Ҳамкорӣ: Бонки миллии Тоҷикистон ва Ширкати “UnionPay”

Бойгонии ахбор
03.07.2017

Ҳамкорӣ: Бонки миллии Тоҷикистон ва Ширкати “UnionPay”

Имрӯз, 3 июли соли 2017 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳайати намояндагони Ширкати “UnionPay”-ро, ки таҳти роҳбарии Президенти Ширкати “UnionPay” ҷаноби Ши Венчао бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки пардохти ғайринақдӣ барои Тоҷикистон аз масъалаи муҳим ва мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, новобаста аз таъсири омилҳои беруна ва буҳронӣ, соҳаи мазкур рушд меёбад. Зикр карда шуд, ки азбаски қисми асосии истифодабарандагони кортҳои пардохтиро бахши иҷтимоӣ (нафақа, музди меҳнати соҳаи буҷет) фарогир аст, соҳаи мазкур ба хизматрасонии босифат ва саривақтӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон бо изҳори омодагӣ ба ҳамкорӣ бо истифода аз таҷрибаи Ширкати “UnionPay” тавсеа ва рушд додани соҳаи мазкурро ҳамзамон ва ба манфиати низоми бонкӣ арзёбӣ намуд. Дар рафти сӯҳбат аз Маркази протсессинги миллӣ, ки барои бунёди Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, таъмин намудани соҳибихтиёрӣ ва кам кардани хавфи таъсири омилҳои беруна ба инфрасохтори пардохтии кишвар созмон дода шуд, маълумоти мушаххас дода шуд.

Rais_Chin1.JPG

Дар навбати худ Президенти Ширкати “UnionPay” ҷаноби Ши Венчао барои ҳамкории дуҷонибаи судманд изҳори омодагӣ баён намуда, аз рушди ширкат дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бо технологияҳои пешрафта, аз ҷумла амалӣ кардани пардохти ғайринақдӣ тавассути пардохти мобилӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Ҷаноби Ши Венчао дар хусуси ҳамкорӣ бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои якҷоя бо пешниҳоди хизматрасониҳои нави муосир дар самти пардохти ғайринақдӣ ибрози назар кард. Зикр карда шуд, ки бо назардошти ҳаммарз будани Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати “UnionPay” омода аст, бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкории судмандро дар самти хизматрасониҳои кортҳои“UnionPay” ба роҳ монад.

Дар идома Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба роҳ мондани ҳамкориро дар доираи салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуда, барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо дар низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз ҷониби Ширкати “UnionPay” ба инобат гирифтани хусусиятҳои миллии аҳолӣ, сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии кишвар, дастрасӣ ба хизматрасониҳои имтиёзнок ва таъмини бехатарӣ изҳори низар намуд. Зикр карда шуд, ки бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати ҶТ 815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” дар самти тавсеа додани ҳисоббаробкуниҳои ғайринақдӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд, аммо дар ин самт Бонки миллии Тоҷикистон ба таҷрибаи пешрафтаи ширкати мазкур, аз ҷумла барои насби терминалҳои электронӣ ва омӯзонидани мутахассисон ба кӯмаки техникӣ ниёз дорад.

Rais_Chin2.JPG

Дар ҷамъбасти мулоқот пешниҳоди мазкурро ҷаноби Ши Венчао қобили дастгирӣ дониста, ҷонибҳо қарор доданд, ки ҳамкориро дар ин самт бо таъсис додани Гурӯҳи корӣ бо ҳайати намояндагони ҳарду ҷониб оғоз менамоянд ва баҳри ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда дар татбиқи лоиҳаҳои мусоид барои иқтисодиёти Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ хоҳанд андешид.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт. Дар мулоқот инчунин Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, сардори Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Ф.Билолов, сардори Идораи низоми пардохт Ш.Салоҳиддинов, намояндагони Ширкати UnionPay ҷаноби Ванг Лисин, Чен Юу, хонум Чу Ксумей, хонум Жуангбей, Жанг Ченгдон, Нуаниш Танкиев ва Шинар Рустемова ширкат варзида, табодули назар намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба пайвастшавии техникии маркази протсессингии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ва маркази протсессингии “UnionPay” дар назар аст, ки ташкилотҳои ватанӣ барои барориши кортҳои муштараки (ко-брендии) низоми пардохтии “UnionPay” ва Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”имкон пайдо хоҳанд кард.

Низоми “UnionPay”, ҳамчун низоми миллии Ҷумҳурии Халқии Хитой соли 2002 таъсис дода шуда, айни замон ҳамчун яке аз низомҳои пардохтии бонуфуз дар сатҳи байналмилалӣ (дар баробари Visa ва Master Card) шинохта шудааст. Ба охири соли 2016 миқдори кортҳои “UnionPay” ба 5,8 млрд. расида, дар 162 давлати дунё мавриди истифода қарор гирифтааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Возврат к списку