Ғалабаи навбатии дастаи футболи БМТ

Бойгонии ахбор
11.07.2017

Ғалабаи навбатии дастаи футболи БМТ

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва “Соли ҷавонон”, аз санаи 6-ум то 9 –уми июли соли 2017, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии кишвар мусобиқа оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур, ки дар толори варзишии истироҳатгоҳи “Шоҳин” ва толори варзишии Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир гардид, дастаи футболбозони Бонки миллии Тоҷикистон дар даври ниҳоӣ дастаи Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 5:2 мағлуб намуда, барандаи ҷойи аввал ва сазовори Ҷоми мусобиқа гашт.

F_1.jpg

Қобили қайд аст, ки қувваозмоӣ барои дарёфти ҷойи сеюм миёни дастаҳои футболи ҶСК “Бонки Эсхата” ва ТАҚХ “Арванд” низ хеле шавқовар гузашта, дастаи футболи ҶСК “Бонки Эсхата” баъди пирӯзӣ бо ҳисоби 12:2 сазовори ҷойи сеюми мусобиқа гардид.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқаи варзишӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ширкат варзида, дастаҳои ғолибро бо мукофотҳо, аз ҷумла Ҷоми мусобиқа, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

F_2.jpg

Ташаббускорони мусобиқа дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифт, ки сабқати мазкурро минбаъд ҳамасола доир намояд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ташвиқу тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ буда, ба ин васила таваҷҷуҳ ба машғулиятҳои ҷисмонӣ, намудҳои гуногуни варзиш ва мустаҳкам намудани саломатӣ бештар мегардад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку