БМТ: Озмун эълон менамояд

Бойгонии ахбор
14.07.2017

БМТ: Озмун эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:


Маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ”


Мутахассиси пешбар (1 ҷой)



Талабот ба номзад:

• таҳсилоти олии иқтисодӣ, рӯзноманигорӣ ё филологӣ;
• маҳорати баланди эҷодӣ дар таҳия намудани хабару мақолаҳои иқтисодию молиявӣ ва таҳриру ба нашр пешниҳод кардани онҳо;   

• малака ва маҳорати хуби кор дар компютер;
• маҳорати хубу эҷодкоронаи суратгирӣ, дарки нозукиҳои кор бо дастгоҳи аккосӣ;
• малакаи кор ва эҷодкорӣ дар саҳифабандии маҷалла ва доштани қобилияти баланди дизайнерӣ (ороишгарӣ);
• доштани таҷрибаи корӣ бо барномаҳои Microsoft Office , Indesign, Corel Draw, Adobe Photoshop ва Adobe Acrobat;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмист, (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• пешниҳод намудани намунаи асарҳои як соли охир дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расида;

• доштани собиқаи кории рӯзноманигорӣ на камтар аз 3 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 28.07 с.2017


Возврат к списку