БМТ: Озмун эълон менамояд

Бойгонии ахбор
25.07.2017

БМТ: Озмун эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

I

Департаменти мониторинги молиявӣ
Сардори шуъбаи коркарди иттилоот (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• маълумоти олии техникӣ;
• таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 5 сол;
• таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 3 сол (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
• донистани забонҳои барномасозӣ Java, C#, PHP, Javascript, Python ва дигарҳо;
• қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

Бояд донад:
• Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

II

Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди иттилоот (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• маълумоти олии техникӣ;
• таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 3 сол;

•таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 1 сол (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);

• донистани забонҳои барномасозӣ Java, C#, PHP, Javascript ва дигарҳо;

•қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;

• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

Бояд донад:

• Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.         

III

Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлилу тадқиқот (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• маълумоти олии иқтисодӣ;
• маълакаи кор дар компютер (MS Office , Internet), системаҳои идоракунии пойгоҳи маълумот (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
• қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
• таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 3 сол;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

Бояд донад:
• Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.
                                       

    IV

Мутахассиси шуъбаи таҳлилу тадқиқот (1 ҷой шартномавӣ)

Талабот ба номзад:
• маълумоти олии иқтисодӣ;
• маълакаи кор дар компютер (MS Office , Internet), системаҳои идоракунии пойгоҳи маълумот (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
• қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

Бояд донад:
• Қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

V


Мутахассиси пешбари шуъбаи дастгирии ҳуқуқӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
• маълумоти олии ҳуқуқӣ;
• маълакаи кор дар компютер- касбӣ;
• донистани тартибот ва рафти омодасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, англисӣ бартарият дорад.

• таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 5 сол;

Бояд донад:
•Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул шудаанд, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ дар соҳаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудааст.

VI

Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамкории байналмилалӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

• маълумоти олии иқтисодӣ;
• малакаи кор дар компютер - касбӣ;
• донистани қонун ва санадҳои меъёрии байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;
• донистани санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, тавсияҳои ФАТФ, шартномаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ;
• доштани собиқаи корӣ на кам аз 3 сол.
• донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.


VII

Идораи назорати суғуртавӣ

Сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ
ва бақайдгирии ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
• донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои бонкӣ ва суғуртавӣ;
•маҳорати таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои бонкӣ ва суғурта;
• маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
• малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
• дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
• донандаи хуби стандартҳои байналмилалии ҳисоботҳои молиявӣ (СБҲМ)
• малакаи кор дар компютер, донистани Ms OfficeWord, Excell, ҳатмӣ;
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
• доштани собиқаи кори молиявӣ 10 сол, аз онҳо 3 сол дар соҳаи суғурта.

VIII


Сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ
ва бақайдгирии ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё риёзӣ;
• донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои бонкӣ ва суғуртавӣ;
• маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
• малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
• донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграмаҳо;
• малакаи кор дар компютер, донистани Ms OfficeWord, Excell, ҳатмӣ;
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
• доштани собиқаи кории молиявӣ 4 сол, аз онҳо 3 сол дар соҳаи суғурта.

IX

Сармутахассиси шуъбаи назорат
ва қабули ҳисоботи ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё риёзӣ;
• донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи суғурта;
• маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
• малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
• донандаи хуби стандартҳои байналмилалии ҳисоботҳои молиявӣ (СБҲМ);
• малакаи кор дар компютер, донистани Ms Office Word ва Excell ҳатмӣ;
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
• доштани собиқаи кории молиявӣ 4 сол, аз он 3 дар соҳаи суғурта.

X


Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат
ва қабули ҳисоботи ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:
• таҳсилоти олии иқтисодӣ, риёзӣ ё молиявӣ;
• донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи бонкӣ ва суғурта;
• маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
• малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
• дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
• донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграмаҳо;
• малакаи кор дар компютер, донистани Ms OfficeWord ва Excell ҳатмӣ;
• донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
• доштани собиқаи кории молиявӣ ё бонкӣ на камтар аз 3 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07.08.с.2017


Возврат к списку