Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
25.07.2017

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

25 июли соли 2017, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати намояндагии Бонки Ҷаҳониро таҳти роҳбарии Сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба идоракунии қарзҳои давлатӣ Лилия Разлог ба ҳузур пазируфт.

IMG_5654-1.jpg

Дар оғози мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, бозори дохилии асъори хориҷӣ ва низоми бонкии кишвар маълумот дод.

Дар навбати худ, сармутахассис оид ба идоракунии қарзҳои давлатӣ Лилия Разлог изҳор дошт, ки ҳадаф аз сафари Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани кӯмаки техникӣ оид ба стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарз дар Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, доир намудани тренингҳои омӯзишӣ барои масъулини Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳияи стратегияи идоракунии қарзҳо мақсади асосии кӯмаки техникӣ маҳсуб меёбад.

Bonkijahoni_2.JPG

Дар доираи мулоқоти корӣ ҷонибҳо инчунин дар масъалаи бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла барориши векселҳои хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молия, сиёсати фискалӣ ва нақши он дар стратегияи идоракунии қарзҳо баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин паҳлуҳои дигари ҳамкории дуҷонибаи судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро баррасӣ намудаанд.

Bonkijahoni_3.JPG

Дар ҷамъбаст Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз сатҳи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ширкат дар барномаи кӯмаки техникии зикршуда изҳори омодагӣ баён намуд.

Бояд қайд кард, ки дар мулоқоти мазкур инчунин намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ Гохар Гюлюмян ва Баҳром Зиёев, ҳамоҳангсози барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ Заррина Абдуллоева ва роҳбарони калидии воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку