Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2017

Бойгонии ахбор
28.07.2017

Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2017

28 июли соли 2017 дар ҷаласаи васеъи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2017 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2017 мавриди баррасии иштирокдорон қарор дода шуд.

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оғоз намуда, изҳод дошт, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ новобаста аз фазои мураккаби таъсирҳои омилҳои берунӣ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ то андозае мусбат арзёбӣ гардиданд.

Hisobot_1.JPG

“Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра фаъолияти худро баҳри татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул дар иқтисодиёт ва таъмини суботи молиявии низоми бонкӣ равона намуд”, - зикр кард Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода.

Зимни ҷаласа аз ҷониби Ҷ.Нурмаҳмадзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сиёсати қарзии низоми бонкии мамлакат, бахусус дастрасӣ ба хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони ташкилотҳои қарзӣ ва масъалаҳои дигари низом дар самти пурзӯр намудани назорат ибрози назар карда шуд.

Hisobot_2.JPG

Дар идома, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин оид ба “Вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2017 ва вазифаҳои нав барои нимсолаи дуюми соли 2017” муаррифии муфассал пешниҳод намуд. Зимни баромад Муовини Раис С.Икромӣ аз вазъи низоми бонкии кишвар, аз ҷумла нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ, сохтор ва нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ, низоми пардохт, хавфҳо ва камбудиҳои мавҷуда, тадбирҳои андешидашуда дар ин самт ва нақшаҳои минбаъдаи низом қайд карда гузашт. Мавсуф диққати роҳбарони ташкилотҳои қарзиро барои ба талабот ҷавобгӯ набудани идоракунии корпоративӣ, набурдани назорати самаранок аз ҷониби мақоми идоракунии ташкилотҳои қарзӣ, зиёд шудани ҳолатҳои қонуншиканӣ, номукаммал будани низоми идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, сатҳи пасти риояи қоидаҳои қарздиҳӣ, яъне пешниҳоди қарз бе гузаронидани таҳлили амиқ, риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди носаҳеҳи ҳисоботҳо, кам будани амалиётҳои ғайринақдӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо ва амсоли инҳо ҷалб намуд. С.Икромӣ инчунин қайд намуд, ки баҳри паст кардани сатҳи долларикунонӣ дар иқтисодиёт, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, зиёд намудани ҷалби пасандозҳо бо пули миллӣ, пешгирии хавфи пардохтпазирӣ ва дуруст ба роҳ мондани идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо дар ташкилотҳо Бонки миллии Тоҷикистон як қатор тадбирҳоро пешбинӣ намудааст, аз ҷумла дар самти талаботи меъёри пардохтпазирӣ, маблағи захираҳои ҳатмӣ ва як қатор тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ба нақша гирифта шудааст.

Зимни ҷаласа инчунин ҷиҳати баррасӣ намудани мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қонуншиканиҳо аз ҷониби кормандони ташкилотҳои қарзӣ маърӯзаи сардори Шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллӣ Беҳзод Расулов шунида шуд ва мавриди баррасии ҳозирин қарор дода шуд.

Hisobot_3.JPG

Дар қисмати муҳокимаронӣ роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ баҳри рушди фаъолият дар иқтисодиёт бо як қатор пешниҳоду таклифҳо баромад намуданд.

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода ҷамъбаст намуда, ба роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ баҳри баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар, пешниҳоди хизматрасониҳои мусоиди бонкӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар, таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, мутобиқи меъёрҳо ба роҳ мондани фаъолият дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, таъмини ташкилотҳои қарзӣ бо пули нақд, аз муомилот гирифтани пулҳои фарсуда, дуруст ба роҳ мондани идоракунии корпоративӣ дастуру супоришҳои мушаххас баён намуд. Ҳамин тавр, дар хотима аз ҷониби Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ барои нимсолаи дуюми соли 2017 вазифагузорӣ карда шуд, аз ҷумла андешидани чорҳои воқеӣ барои ҷалби бештари сармояи арзон ва дарозмуҳлат, истифодаи имкониятҳои гуногун барои баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии мамлакат, баланд бардоштани фарҳанги қарздиҳӣ, такмил ва таҷдиди сиёсати қарзӣ ва идоракунии хавфҳо, пурзӯр намудани фаъолияти аудити дохилӣ ва низоми назорати дохилӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, тавсеа бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, такмили низоми автоматишудаи бонкӣ барои таъмини шаффофияти ташкилотҳои қарзӣ, зиёд намудани қарздиҳӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва ғайра таъкид гардид.

Шуъбаи матбуоти
БМТ





Возврат к списку