Вохӯрии Раиси БМТ бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса Ясмин Гуэдар

Бойгонии ахбор
28.07.2017

Вохӯрии Раиси БМТ бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса Ясмин Гуэдар

28 июли соли 2017 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшед Нурмаҳмадзода Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдарро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода хонум Ясмин Гуэдарро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки феълан муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бомаром густариш ёфта истодааст.

Гардиши савдои хориҷӣ байни кишварҳоямон тамоюли болоравӣ дошта, дар соли 2014 маблағи 7,3 млн. долл. ИМА, дар соли 2015 маблағи 8,3 млн. дол. ИМА ва дар соли 2016 бошад, маблағи 11,2 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод.

Rais_1a.JPG

Ин раванд хушбинона аст ва ҳар ду ҷонибро зарур аст, ки ҷиҳати васеъ истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда ва ба ин васила боз ҳам зиёд кардани гардиши савдои берунӣ талош варзанд.

Зимни мулоқот Ҷ.Нурмаҳмадзода аз ҳамкории шарикӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Фаронса, ки ҳанӯз соли 1999 тибқи Шартномаи ҳамкории баимзорасида бо Институти бонкдорию молиявии байналхалқии Бонки Фаронса то соли 2006 идома ёфт ва дар ин муддат зиёда аз 200 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон савияи дониши тахассусии худро такмил доданд, ёдовар шуд. “Умедворем, ки ин ҳамкории мутақобилан судманд дар самти такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ аз нав ба роҳ монда хоҳад шуд”,-изҳор дошт Ҷ.Нурмаҳмадзода. Инчунин ҳамкорӣ дар самти кӯмаки техникӣ бо доир намудани барномаҳои омӯзишӣ, таъсиси филиалҳои бонкҳои Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди пешниҳод қарор дода шуд.

Rais_2b.JPG

Дар навбати худ хонум Ясмин Гуэдар зикр кард, ки барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахши молия, аз ҷумла низоми бонкӣ, ки барои таъмини суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад, омода аст. Ӯ ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки Ҷумҳурии Фаронса тасмим дорад аз ибтидои соли 2018 намоишгоҳи молу маҳсулоти ширкатҳои фаронсавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, равобити тиҷоратии ду кишварро дар сатҳи хуб ба роҳ монад. Маҳз бо зиёд шудани теъдоди ширкатҳои Фаронса дар Тоҷикистон зарурати таъсиси сохторҳои бонкии Фаронсаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал хоҳад овард. Хонум Ясмин Гуэдар пешниҳод намуд, ки Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳоду таклифҳои худро барои ҳамкорӣ манзур намояд ва дар доираи имконият масоили ҳамкорӣ ва тавсеа ёфтани он ҳалли худро хоҳад ёфт.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода оғози ҳамкориро дар соҳаи низоми бонкии мамлакат бо ҷониби Фаронса бо таҳия намудани як барномаи мукаммал мавриди пешниҳод қарор дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо лоиҳаҳои ҳамкориро, аз қабили ҳамкорӣ дар самти муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии Фаронса ва Тоҷикистон, ҷалби кӯмаки техникӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисони ду кишвар дар низоми бонкӣ ва ҳамкорӣ бо Фаронса дар соҳаи пешгирии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории тероризм ва масъалаҳои дигари низом мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку