Баррасии “Ҳисобот оид ба амалиётҳои қарзӣ”

Бойгонии ахбор
31.07.2017

Баррасии “Ҳисобот оид ба амалиётҳои қарзӣ”

28 июли соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Идораи омор ва тавозуни пардохт семинари машваратӣ дар мавзӯи усули таҳия ва пешниҳод намудани шакли ҳисоботи омории №1-АҚ «Ҳисобот оид ба амалиётҳои қарзӣ» барои мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ баргузор гардид.

Дар оғози семинар сардори Идораи омор ва тавозуни пардохт Баҳриддинов Бахтиёр изҳор намуд, ки шакли ҳисоботи омории №1-АҚ «Ҳисобот оид ба амалиётҳои қарзӣ» мувофиқи талаботҳои муосир ва бинобар такмил ёфтани Дастурамали “Низоми ҳисобҳои миллӣ” дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Аврупоӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Созмони ҳамкории иқтисодии рушд, Созмони Милали Муттаҳид ва Бонки ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

Omor_1.jpg

Зимни машғулияти корӣ Баҳриддинов Б. зикр намуд, ки таҳаввулоти назаррас дар ҳамаи соҳаҳои ҷаҳони муосир ба амалияи байналмилалии пешниҳоди ҳисоботи оморӣ таъсири мусбат расонида, дар самти танзими низоми ҳисобҳои миллӣ, стандартҳои байналмилалии ҳисоби молиявӣ ва тавозуни пардохт тағйироти ҷиддӣ ба амал овардааст, ки ин дар навбати худ зарурати тағйир додани ҳамаи шаклҳои ҳисоботи омориро ба миён гузошт.

Дар робита ба ин, шакли нави ҳисоботи омории №1-АҚ «Ҳисобот оид ба амалиётҳои қарзӣ», ки ба талаботҳои ХБА мутобиқ гардонида шудааст, таҳти баррасии ташкилотҳои қарзӣ қарор дода шуд.

Omor_2.jpg

Бо таъкид ба он ки пешниҳоди омори дақиқ имрӯз дар аксари кишварҳо талаботи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, Баҳриддинов Б. қайд кард, ки тарзу усули омода ва пешниҳод намудани шакли нави ҳисоботи омории №1-АҚ аз шаклҳои ҳисоботии қаблӣ ба таври назаррас тафовут дошта, дар асоси меъёрҳои ХБА мукаммал гардонида шудааст.

Сипас, аз ҷониби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорони семинар дар хусуси тарзу усули омода ва пешниҳод намудани шакли ҳисоботи омории №1-АҚ ва аҳамияти «Ҳисобот оид ба амалиётҳои қарзӣ» муаррифии муфассал манзур гардонида шуд.

Omor_3.jpg

Дар кори семинар намояндагони тамоми ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, ки беш аз 100 нафарро ташкил доданд, иштирок намуда, дар муҳокимаи шакли ҳисоботи омории №1-АҚ «Ҳисобот оид ба амалиётҳои қарзӣ» ба таври фаъол фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар ҷамъбасти семинар бори дигар хотиррасон карда шуд, ки шакли ҳисоботи омории №1-АҚ «Ҳисобот оид ба амалиётҳои қарзӣ» бо мақсади иҷрои стандартҳои байналмилалӣ дар асоси талаботҳои Низоми ҳисобҳои миллӣ такмил ёфта, минбаъд ҳисоботи омории 3-БҚ, 8-ҚИ, 10-ФҚ, 10-ҚИ, 1-ҚХ, 2-ҚХ ва 3-Қ-ро аз байн мебарад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку