Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтӣ тавсеа меёбанд

Бойгонии ахбор
02.08.2017

Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтӣ тавсеа меёбанд

1 августи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло вобаста ба масъалаҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Mashrabzoda_1.JPG

Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар мавриди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №815 аз 31 декабри соли 2014 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” ва иҷрои Амрномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ин маврид аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ Ҳамидулло Машрабзода оид ба вазъи ҷории бозори кортҳои пардохтӣ дар кишвар ва рафти иҷрои амру қарори зикргардида маълумот дода, ба зарурати васеътар роҳандозӣ намудани муомилоти ғайринақдӣ дар низоми молиявии кишвар таъкид намуд.

Дар идомаи ҷаласа дар мавзӯи “Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ” муарифии васеъ пешниҳод гардид. Зимни муаррифӣ дар бораи нишондиҳандаҳои асосии бозори кортҳои пардохтӣ, муқоисаи нишондиҳандаҳои бозори кортҳои пардохтӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ҳисоботи семоҳаи насби терминалҳои электронӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, раванди иҷроиши Амрномаи БМТ ва натиҷаҳои фаъолияти Ҳайати муштараки кории БМТ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қарори №815 ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Mashrabzoda_2.JPG

Зикр гардид, ки мушкилоти асосӣ дар самти зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ин тарифҳои баланди бонкӣ, аз ҷумла, ҳангоми насб ва хизматрасонии терминалҳои электронӣ, суст ба роҳ монда шудани корҳои ташвиқотӣ бо муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, малакаи пасти кордонии хазиначиёни муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва сатҳи пасти дастгирии техникии терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба шумор мераванд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки тарифҳои бонкӣ, аз ҷумла тарифҳои байнибонкии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”-ро таҷдиди назар намуда, теъдоди хизматрасониҳои муосири бонкӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ зиёд гардонида шаванд. Илова бар ин, ҷиҳати бештар намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо роҳи насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва барои иҷрои Амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку