Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро бетағйир дар сатҳи 16,0 фоизи солона нигоҳ медорад

Бойгонии ахбор
02.08.2017

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро бетағйир дар сатҳи 16,0 фоизи солона нигоҳ медорад

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита), ки имрӯз 2 августи соли 2017 баргузор гардид, ҷиҳати бетағйир дар сатҳи 16,0 фоизи солона нигоҳ доштани меъёри бозтамвил қарор қабул шуд. Қарори мазкур дар асоси таҳлили вазъи ҷории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, дурнамои таваррум ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ бо назардошти таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ қабул гардид. 

Ҳаҷми ММД дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 24,0 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он ба 6,0 фоиз баробар гардид, ки ин дар қиёс ба соли қаблӣ ба андозаи 0,6 банди фоизӣ (б.ф) кам аст. Дар ин давра рушди соҳаи саноат 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,4 фоиз, гардиши савдои чакана 3,6 фоиз ба мушоҳида расид. Соҳаи сохтмон бошад, ба андозаи 17,2 фоиз коҳиш ёфт, ҳол он ки дар соли қаблӣ ин бахши иқтисодиёт раванди болоравиро дошт.

Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни  соли равон ба 5,9 фоиз баробар шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,8 б.ф зиёд мебошад. Сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) низ раванди болоравиро дошта, ба 9,0 фоиз расид. Бояд қайд намуд, ки омилҳои асосии тамоюли болоравии сатҳи таварруми солона аз таъсири назарраси омили таклифот, коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ, омилҳои мавсимӣ ва қурбӣ иборат буданд, ки бо равандҳои кӯтоҳмуддат ва гузаранда арзёбӣ мегардад. 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таварруми аслӣ, ки раванди устувор ва дарозмуддати тағйирёбии нархҳоро зери таъсири омилҳои талаботи дохилӣ ва монетарӣ инъикос менамояд, дар ин давра муътадил буда, нишондиҳандаи солонаи он аз 3,9 фоиз дар моҳи декабри соли 2016 то ба 1,4 фоиз дар моҳи июн паст фаромад, ки аз маҳдуд будани таъсири омилҳои монетарӣ дар таварруми солона шаҳодат медиҳад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, раванди афзоиши таварруми солона муваққатӣ буда, сатҳи он дар давраи кутоҳмуддат, яъне то охири соли ҷорӣ аз андозаи дурнамои (ҳадаф)-и муқарраршуда каме  мегузарад. Дар давраи миёнамуҳлат бошад, сар карда аз семоҳаи дуюми соли 2018 он эҳтимол аст ба сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок, яъне сатҳи барои иқтисодиёт муътадили худ бар гардад. Бинобар ин, айни замон зарурати боз ҳам қатъитар намудани мавқеи сиёсати монетарӣ вуҷуд надорад.

Интизор меравад, ки  дар семоҳаи сеюми соли равон вобаста ба омилҳои берунию дохилӣ хавфҳои таваррумӣ боқӣ монда, фишороварии нархи бархе аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ дар давраи кӯтоҳмуддат метавонад ба сатҳи  таваррум  таъсир расонад. 

Вобаста ба ин, ҷиҳати коҳиш додани хавфҳои таваррумӣ,  пурзӯр  намудани таъсирбахшии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва вусъат додани амалиётҳои он, меъёри бозтамвил дар сатҳи 16,0  фоизи солона бетағйир  нигоҳ дошта мешавад. 
Дар баробари ин, тибқи таҳлилҳо дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ бо назардошти камшавии таъсири омилҳои кутоҳмуддат ва хавфҳои таваррумию қурбӣ дар ҷаласаи минбаъдаи Кумитаи сиёсати пулию қарзӣ эҳтимолияти таҷдиди назар кардани меъёри бозтамвил мавҷуд аст.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи  пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома хоҳад дод.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор шуда, қарори навбатӣ оид ба тағйиротҳо тавассути сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон эълон хоҳад гардид.


Департаменти 
сиёсати монетарӣ, 
тадқиқотӣ ва рушд


Возврат к списку