Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 августи соли ҷорӣ, дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шарора” ҷиҳати ғанӣ гардонидани маърифати молиявии наврасони синни 14-15 сола, бозии таълимии интерактивӣ таҳти унвони “Пасандоз” баргузор гардид.
Дар оғози чорабинии мазкур, аз ҷониби мутахассисони Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба наврасон дар мавзӯҳои “Зарурати дониши молиявӣ барои инсон” ва “Аҳамияти ташкили бозиҳои таълимӣ-молиявӣ барои кӯдакону наврасон” маърӯза муаррифӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки машғулияти мазкур дар се марҳила (тарзи нақшакашии хароҷоти оила) гузаронида шуда, дар рафти бозӣ дар баробари омӯзиши афкори наврасон оид ба мафҳумҳои молиявӣ, мутахассисон ба иштирокдорони омӯзиш ҳамзамон дар хусуси мафҳумҳои қарз, амонат, пасандоз, банақшагирии даромаду хароҷоти оила, чӣ гуна ва дар куҷо нигоҳ доштани маблағ маълумот пешниҳод намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин гуна машғулиятҳо, бедор намудани завқи хонандагон ба омӯзиши донишҳои молиявӣ ба ҳисоб рафта, зимни омӯзиш ба иштирокдорон дар бораи банақшагирии даромаду хароҷот, қабули қарори дуруст дар ҳолати рух додани мушкилиҳои рӯзмарра ва нақши институтҳои молиявӣ дар ҷомеа маълумот пешниҳод карда мешавад.
Дар анҷоми чорабинӣ ташаббускорони барнома ба ҳар кадом иштирокчӣ лавозимоти мактабӣ ва дигар намуди тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ