БМТ: Озмун эълон менамояд

Бойгонии ахбор
09.08.2017

БМТ: Озмун эълон менамояд

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

I

Идораи корҳо
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи сохтмон


Талабот ба номзад:

• таҳсилоти олии муҳандис - сохтмончӣ;
• собиқаи кории “фармоишгар” на камтар аз 3 сол;
• малакаи кор дар компютер бо барномаҳои “Archicad, Artlantis, Autocad ва Microsoft Office”;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмист.

II

Ҳуқуқшиноси пешбари шуъбаи кормандон ва умури ҳуқуқии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

• таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
• донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
• донистани тартибот ва рафти омодасозии лоиҳаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;
• малакаи кор дар компютер – касбӣ Microsoft Office (Word, ExceII);
• донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• доштани собиқаи кории вобаста ба ихтисос на камтар аз 3 сол (собиқаи кори бонкӣ афзалият дорад).

III
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи ахбори иқтисодӣ ва омори Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

• таҳсилоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ - иқтисодӣ;
• донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
• малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-молиявӣ ва ибрози андешаи дақиқ ва мукаммал;
• дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
• донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграмаҳо;
• малакаи кор дар компютер, донистани Ms Office (Word, ExceII, Power Point) ҳатмӣ;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмист, (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка).


Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон ва ш.Хуҷанд, кучаи К.Хуҷандӣ 168, Шуъбаи кормандон ва умури ҳуқуқӣ.
• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38 (дар ш.Душанбе); 630-06-39; 630-06-57 (дар ш.Хуҷанд).
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 21.08 с.2017


Возврат к списку