ЭЪЛОН

Бойгонии ахбор
18.08.2017

ЭЪЛОН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти назорати бонкӣ

I
Сармутахассиси Идораи таҳлили бонкҳо (2 ҷой)

Талабот ба номзад:

• Маълумоти олӣ – иқтисодӣ;
• Дониши кофӣ дар самти қонунгузории соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
• Доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 4 сол;
• Доштани собиқаи корӣ дар соҳаи аудити бонкҳо ва идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
• Малакаи кор дар компютер (Ms Office ва ғайра);
• Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• Малакаи хуби таҳлилӣ;
• Доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои идоракунии хавфҳо, баҳисобгирӣ ва аудит афзалият дорад;
• Надоштани доғи судӣ.

II
Сарбозраси Идораи бозрасии бонкҳо (1 ҷой)

III
Сарбозраси Идораи бозрасии бонкҳо (1 ҷой)
(барои аудити технологияҳои иттилоотӣ)

Талабот ба номзад:

• Маълумоти олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
• Собиқаи корӣ бо низомҳои омилии MS Windows Server;
• Собиқаи корӣ дар низомҳои автоматишудаи бонкӣ;
• Собиқаи корӣ бо махзанҳои маълумоти MS-SQL, таҷрибаи корӣ бо махзани маълумоти Oracle афзалият дорад;
• Собиқаи корӣ дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ ва таҷрибаи корӣ бо лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ афзалият дорад;
• Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• Донистану фаҳмондани моҳияти стандартҳои COBIT, COSO ва ғайра афзалият дорад;
• Доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва аудити технологияҳои иттилоотӣ афзалият дорад;
• Надоштани доғи судӣ.

IV
Сармутахассиси Шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва батанзимдарорӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

• Маълумоти олӣ – иқтисодӣ, маълумоти олии иловагӣ – ҳуқуқшинос афзалият дорад;
• Дониши кофӣ дар самти қонунгузории соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
• Доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 4 сол;
• Доштани собиқаи корӣ дар соҳаи аудити бонкҳо ва идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
• Малакаи кор дар компютер (Ms Office ва ғайра);
• Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• Малакаи хуби таҳлилӣ;
• Доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои идоракунии хавфҳо, баҳисобгирӣ, аудит ва идоракунии зиддибӯҳронӣ афзалият дорад;
• Надоштани доғи судӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
• маълумотнома (справка-объективка);
• маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
• нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо дар нишони зерин қабул карда мешавад:

• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
• Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31.08 с.2017

Возврат к списку