БМТ: Эълон дар бораи ҷалби мушовири байналмилалӣ оид ба харид

Бойгонии ахбор
22.08.2017

БМТ: Эълон дар бораи ҷалби мушовири байналмилалӣ оид ба харид

Бонки миллии Тоҷикистон

Лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”

Лоиҳаи №P130091

Мушовири байналмилалӣ оид ба харид


1. Маълумоти умумӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ барои рӯйпуш намудани хароҷоти лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» грант дарёфт намуд ва мехоҳад як ҳиссаи онро барои пардохти маблағи хизматрасониҳо оид ба харид истифода намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори татбиқи қисмати 4 "Беҳтар намудан инфрасохтори молиявӣ"-и лоиҳаи зикргардида мехоҳад мушовири байналмилалиро оид ба харид барои кӯмак ба Бонки миллии Тоҷикистон дар раванди хариди низомҳои иттилоотӣ ба кор ҷалб намояд.

2. Вазифаи супориш

Мушовир оид ба харид дар раванди татбиқи Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо (ATS +), интиқоли фаврии маблағҳо (IFT), интиқолҳои пулӣ ва амонатгоҳи марказии коғазҳои қиматнок (CSD) ба Бонки миллии Тоҷикистон барои баҳодиҳии саҳеҳи пешниҳодҳо ҳангоми харидории низомҳои зикргардида бояд кӯмак расонад. Баҳодиҳии пешниҳодҳо бояд мутобиқи “Дастурҳо оид ба харид”-и Бонки Ҷаҳонӣ гузаронида шавад.

3. Натиҷаҳои амалӣ

Додани маслиҳат ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон барои омода намудани варақаи арзёбӣ (prepare score cards evaluation sheet).

4. Талаботи тахассусӣ

- Маълумоти олӣ дар ҳама гуна соҳаҳои дахлдор, аз ҷумла: идоракунии соҳибкорӣ, ҳуқуқ, молия, тиҷорат бо омӯзиши иловагии дахлдор дар соҳаи харид;
- 10 сол таҷриба дар соҳаи харид;
- Таҷрибаи васеъи байналмилалӣ тибқи тартибу қоидаҳои хариди Бонки Ҷаҳонӣ ё дигар институтҳои байналмилалӣ;
- дониш ва малакаи хуб ҳангоми банақшагирии харид, таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва муайян намудани ғолибони озмунҳо (тендерҳо);
- Таҷриба дар пешбурди гуфтушунидҳои тиҷоратӣ ва гузаронидани презентатсияҳо;
- Донистани забони англисӣ ҳатмист, донистани забони тоҷикӣ ва русӣ афзалият ҳисобида мешавад;
- Дониш дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва донистани стандартҳои байналмилалӣ оид ба харид.

5. Давомнокии супориш

Интизор меравад, ки супориши мазкур дар давоми сентябр-октябри соли 2017 бо давомнокии 30 рӯзи корӣ анҷом хоҳад ёфт.

6. Ҳисоботдиҳӣ

Мушовир оид ба харид ба Ҷахонгир Аминҷонов, ки ҳамоҳангсози қисмати мазкури лоиҳа мебошад, ҳисоботро пешниҳод менамояд. Дар ҳисоботи мушовир иттилоот дар бораи корҳои иҷрошуда ва натиҷаҳои дастрасшуда, инчунин мушкилоти асосии харид, агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад, бояд дарҷ гарданд .

Аз шахсони манфиатдор хоҳиш карда мешавад, ки тарҷумаи ҳоли худро (CV) тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи дар поён овардашуда то 5-уми сентябри соли 2017 ирсол намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон
Хиёбони Рӯдакӣ, 107А
ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003,
E-mail: pscp@nbt.tj
Лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”
Лоиҳаи № P130091
Мушовири байналмилалӣ оид ба харид


Возврат к списку