Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Раванди банақшагирии буҷет”

Бойгонии ахбор
22.08.2017

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Раванди банақшагирии буҷет”

Аз 22 то 23-юми августи соли равон бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк бо Бонкҳои Марказӣ барои кормандони Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Раванди банақшагирии буҷет” семинари омӯзишӣ баргузор мегардад.

Дар маросими кушодашавии семинар зикр гардид, ки чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк бо Бонкҳои Марказӣ (Олмон) бо мақсади боло бурдани маърифати касбии кормандони БМТ гузаронида мешавад.

Seminar_.JPG

Маврид ба зикр аст, ки машғулиятҳо аз ҷониби мушовири калони Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк бо Бонкҳои Марказӣ Кристоф Штута гузаронида шуда, тӯли ду рӯз иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои “Ташкили кор ва вазифаҳои Дойч Бундесбонк ва ESCB  ва идоракунии корпоративӣ”, “Пешбурд ва дар амал татбиқ намудани дурнамо барои соли 2020: натиҷагирии мувозинати холҳо, амалиёти SWOT (паҳлуҳои қавӣ ва заифи имкониятҳо, хавфҳо)”, “Идоракунии амалиётӣ, ҳисобу китоби арзиши аслӣ”, “Баҳисобгирии хароҷот, намудҳои хароҷот”, “Банақшагирии буҷет, таҳлилу усули банақшагирӣ” маълумот гирифта, дониши худро сайқал медиҳанд.

Тавре сардори Идораи кормандони БМТ Гадоев Д. қайд намуд, маълумотҳое, ки аз ҷониби иштирокдорон дар семинари мазкур аз худ карда мешаванд, ниҳоят зарур ва муҳим буда, ба баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон мусоидат хоҳанд кард.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Возврат к списку