Дар моҳи июли соли 2017 сатҳи таварруми солона нисбат ба моҳи июн (9,0%) андаке поён рафта, ба 8,9 фоиз баробар шуд. Ҳамзамон, бо арзёбии моҳона раванди коҳишёбии сатҳи таваррум нисбат ба моҳҳои қаблӣ мушоҳида гардида, тағйирёбии он дар моҳи июл 0,4%-ро ташкил намуд.
Омилҳои асосии тамоюли болоравии сатҳи таваррум аз таъсири назарраси омили таклифот, коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ, омилҳои мавсимӣ ва қурбӣ иборат буданд, ки дар маҷмуъ ҳамчун равандҳои кӯтоҳмуддат ва гузаранда арзёбӣ мегарданд.
Пуёи афзоиши гуруҳи нархҳои истеъмолӣ нишон медиҳад, ки саҳми маҳсулоти ғайрихурокворӣ ва хизматрасониҳо дар таварруми ҳосилшуда тамоюли муқаррарии худро чун солҳои пешин идома дода, саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ аз аввали сол аз ҳисоби омилҳои мавсимӣ - яку якбора боло рафтани нархи сабзавотҳои серистеъмоли аҳолӣ (картошка, пиёз ва сабзӣ) бештар буд.
Раванди афзоиши таварруми солона муваққатӣ буда, сатҳи он дар давраи кӯтоҳмуддат, яъне то охири соли ҷорӣ аз андозаи нишондиҳандаи мақсадноки муқарраршуда (7,0% ± 3)* гузашта, дурнамои он дар соли 2017 дар атрофи 9,0% баҳо дода мешавад. Интизор меравад, ки дар давраи миёнамуҳлат сар карда аз семоҳаи дуюми соли 2018 таваррум ба сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок, яъне сатҳи барои иқтисодиёт муътадили худ бармегардад.
Шарҳи бештар: Шарҳи таваррум барои моҳи июли соли 2017
Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд