Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи “B3, рушди устувор (B3, Outlook Stable)” баҳогузорӣ намуд. Ҳисоботи он 28 августи соли ҷорӣ дар сомонаи ширкати мазкур нашр гардид. Рейтинги мазкур рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру тавсияҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаи рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бо агентиҳои рейтингии байналмилалӣ муайян намояд.
Рейтинги кредитии мамлакат нишондиҳандаи молиявӣ барои сармоягузорони коғазҳои қиматнок (вомбаргҳо) ба ҳисоб меравад. Рейтинги кредитӣ – василаи муқаррарии молиявӣ барои муайян кардани дараҷаи эътибори вомбаргҳои ин ё он ширкат, корпоратсия ё ҳатто ин ё он давлат буда, вобаста ба сатҳи эътимод аз ҷониби агентиҳои бонуфуз бо ҳуруфи “А”, “В” ва “С” ишора мешавад.
Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.
Маълумоти бештарро вобаста ба хулосаи ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service дар бораи рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сомонаи ширкати Moody’s Investors Service дастрас карда метавонед.
Идораи муносибатҳои байналмилалӣ