Даъватномаи иштирок дар озмун

Бойгонии ахбор
07.09.2017

Даъватномаи иштирок дар озмун

Бонки миллии Тоҷикистон довталабонро ба озмуни такрорӣ оид ба интихоби мушовири байналмилалӣ/менеҷери лоиҳаҳо барои лоиҳаи татбиқи Низоми автоматишудаи бонкӣ барои Бонки миллии Тоҷикистон даъват менамояд. Шахсони довталаб барои иштирок дар озмун маълумотеро, ки тахассуси онҳоро барои пешниҳоди чунин хизматрасонӣ тасдиқ мекунад, бояд пешниҳод намоянд.

Мақсад
Интихоби мушовири байналмилалӣ/менеҷери лоиҳаҳо барои иштирок дар марҳилаҳои раванди татбиқи Низоми автоматишудаи бонкӣ барои Бонки миллии Тоҷикистон
        
Ҳадафи лоиҳа

Татбиқи Низоми автоматишудаи бонкӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон “бо шарти омода кардану супоридани он”

Талабот ба довталаб

- таҷрибаи кории на кам аз 5 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва татбиқи НАБ;
- иштироки ҳатмӣ дар татбиқи низомҳои автоматишудаи бонкӣ;
- таҷрибаи корӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ё дар кишварҳои дорои иқтисоди давраи гузариш;
- донистани низомҳои асосии бонкӣ ва хусусиятҳои фаъолияти бонкҳои марказӣ;
- донистани низомҳои пардохтӣ ва доштани таҷрибаи корӣ дар ҳамгироии низомҳои пардохтӣ бо маҳсулотҳои бонкӣ;
- таҷрибаи ширкат дар на кам аз 2 (ду) лоиҳаи ҷорӣ кардани НАБ дар бонкҳои марказӣ ё тиҷоратӣ;
- донистани забонҳои русӣ ва англисӣ;
- пешниҳоди мактубҳои тавсиявӣ ва рӯйхати лоиҳаҳое, ки татбиқ карда шуда буданд;
- доштани таҷрибаи корӣ дар лоиҳакашӣ (project management), хусусан дар лоиҳакашии лоиҳаҳое, ки бо технологияҳои иттилоотӣ вобастагии зич доранд.
        
Мушовири байналмилалӣ/менеҷери лоиҳаҳо мутобиқи усулҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои интихоби мушовири байналмилалӣ/менеҷери лоиҳаҳо муқаррар кардааст, интихоб карда мешавад.
        
Шахсони довталаб бояд CV – и худро (дар шакли PDF) тариқи почтаи электронӣ ё дар шакли хаттӣ бо нишонии зайл то 21 сентябри соли 2017, то соати 12.00 вақти маҳаллӣ ирсол намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон

Ба муовини директори Департаменти технологияҳои иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон
Ғаниев Дилшодбек Бурҳонович
Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2
Тел: +992 44 600 32 50, + 992 44 600 32 56
E-mail: cbs@nbt.tj


Возврат к списку