Оид ба ҷалби тарҷумони инфиродӣ барои кӯмак ба Бонки миллии Тоҷикистон дар амалинамоии қисмати 4-и барномаи “Рушди инфрасохтори молиявӣ”-и лоиҳаи грантии Бонки Ҷаҳонӣ - “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”
Муҳлат: 6-7 моҳ;
Реҷаи кор: рӯзи кории пурра (дар хона/ идора);
Маълумоти умумӣ:
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ барои рӯйпуш намудани хароҷоти лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» грант дарёфт намуд ва мехоҳад як ҳиссаи маблағи онро барои пардохти хизматрасониҳои тарҷумон истифода намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори татбиқи қисмати 4-и барномаи "Беҳтар намудан инфрасохтори молиявӣ"-и лоиҳаи зикргардида мехоҳад тарҷумони инфиродиро барои тарҷумаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои техникӣ, ҳисоботҳои машваратӣ, созишномаҳо, ҳуҷҷатҳои тендерӣ, презентатсияҳо ва инчунин таҳрири онҳо ҷалб намояд.
Ҳуҷҷатҳо асосан аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ва русӣ тарҷума карда мешаванд.
Вазифаҳо:
Талабот:
Талаботи иловагӣ:
Довталабони муносиб баъд аз санҷиши ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Барои баҳо додани сатҳи тахассуси номзадҳо, онҳо бояд барои пешниҳоди тавсиянома ва намунаи корҳои иҷрошуда, инчунин барои тарҷумаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва техникӣ дар ҳаҷми 2-3 саҳифа омода бошанд.
Аз ҳамаи довталабон хоҳиш карда мешавад, ки пурсишнома (CV) тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи дар поён овардашуда, бо ишораи мавзӯи “Хизматрасонии тарҷума” ва ному насаб то 20-уми сентябри соли 2017 ирсол намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон
Хиёбони Рӯдакӣ, 107А
ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003
E-mail: pscp@nbt.tj
Лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”
Лоиҳаи № P130091